Бо ҳамин ном дар шаҳри Хоруғ форуми сайёҳӣ доир гардид. Муовини якуми раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода иброз намуд, ки раванди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало нишон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин ҳадафро аз мақсадҳои асосӣ қарор дода, барои рушду равнақи он мунтазам тадбирҳои ҷиддӣ андешидааст.
Зикр шуд, ки ВМКБ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор гирифта, бо бунёди инфрасохтори муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла сохтмони роҳу неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти хизматрасонии зарурӣ, соҳаи сайёҳии вилоят рӯ ба пешравӣ дорад.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 512 иншооти соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, 120-тои он меҳмонхонаҳо мебошанд. Умуман, аз 1167 иншооте, ки ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта шуда истодаанд, 33 дарсад иншооти хизматрасонӣ мебошанд.
Дар чорабинӣ, инчунин, дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кори форум дар доираи се бахш: сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва нақши ёдгориҳои таърихии вилоят дар рушди сайёҳии дохилӣ идома ёфт.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»