Дар Театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи ВМКБ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбарону кормандони як қатор идораю муассисаҳо ва сохторҳои гуногун, ҷавонону наврасон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси вилоят иштирокдорон ва дар симои онҳо ҳамаи ҳамдиёронро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки дар интиҳои соли 1992 кишвари тозаистиқлол ва миллати куҳанбунёди тоҷик бо буҳрони шадиди сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ гашта, масъалаи мавҷудияти давлату миллат ба сатҳи моҳиятан муҳиму бунёдӣ баромад. Ҳукумати давр ва сохторҳои давлатӣ дар мамлакат таҳти фишори ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби қувваҳои зиддидавлатию зиддимиллии дохилӣ бо мусоидати ғоявию молии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, фалаҷ гардида, кишварро беҳокимиятӣ фаро гирифт. Ҳазорҳо нафар сокинони мулкӣ тарки манзил намуда, ба зодгоҳи авлодӣ ё берун аз кишвар гуреза шуданд.
Дар даргириҳои дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, оташи қасду хусумат ва қариб ҳама ҷо аланга гирифта, садҳо кӯдаку тифлон ва модарону бонувони бегуноҳро ба коми худ кашид. Ба чунин вазъияти вазнини сиёсию гуманитарӣ нигоҳ накарда, дар асоси андешаи солим, иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандорию миллатдӯстӣ зумрае аз фарзандони фарзонаи миллат, неруҳои солимфикру дурандеш ба ҳам омада, ба муқовимати шадид зидди ҳама гуна қувваҳои аҳриманӣ хестанд.
- Неруҳои ватанпараст барои ҳалли масъалаҳои мубрам аз дидгоҳи арзишҳои воло муносибат намуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ ҷиҳати дар фазои қонунӣ нигоҳ доштану ҳал намудани мушкилоти мавҷуда корро оғоз намуданд. Ҳарчанд дар парламенти онвақтаи Тоҷикистон мухолифатҳои шадид вуҷуд дошта бошанд ҳам, аммо он ягона ниҳоди давлатӣ буд, ки метавонист роҳи таназзули пурраи давлатро гирад, — иброз намуд раиси ВМКБ
Дар идома зикр шуд, ки моҳи ноябри соли 1992 аксарияти намояндагони халқ, дар Қасри «Арбоб» — и шаҳри Хуҷанд, бобати баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада, дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд қарорҳои муҳими таърихию тақдирсозро қабул намуданд.
«Замоне ки гурӯҳҳои ифротӣ ва душманон ошкоро ба муқобили давлат ва арзишҳои миллӣ баромаданд, Сарвари ояндаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдорӣ аз қонуният ва анъанаю арзишҳои волои миллӣ баромада, ҷиҳати аз роҳи мусолиҳатомез ва дар доираи қонун ҳал намудани нооромию муноқиша яке аз ташаббускорони даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Ин ва дигар омилҳои муҳими фардӣ имконият фароҳам сохтанд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ниҳоят мураккаб бо тарафдории вакилони мардумӣ аз дастгирии мардуми Тоҷикистон бархӯрдор гарданд»,- тазаккур дод Алишер Мирзонабот.
Қайд гардид, ки масири минбаъдаи ҳаракати Тоҷикистон, ҳадафҳои волои созандаю босалоҳ, тасмимҳои оқилонаю мақсаднок ва рафтору гуфтори ба ҳам тавъами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурустии ин интихоби таърихию тақдирсозро исбот намуданд.
Дар меҳвари ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистон сиёсати оқилона, дурандешона, таҳаммулпазирона, инсондӯстона, заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонфидоиҳо ва иродаи қавию ҷасорати беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Аз ин рӯ, имрӯз бо ифтихор шукрона бояд кард, ки чунин давлати рӯ ба рушд, сарзамини бою пурбаракат, Ватани зебою маҳбуб ва Пешвои миллати ғамхор ва бунёдкору созандаро дорем.
Дар чаҳорчӯбаи амалӣ сохтани чор стратегияи рушди мамлакат, ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгарду хатҳои роҳи оҳан ва бунёди садҳо пулу нақб, таҷдиду сохтмони фурудгоҳҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад.
Бунёди силсила НБО-ҳо дар дарёи Вахш, аз ҷумла НБО «Роғун», кашидани хатҳои ҳазоркилометраи баландшиддати барқӣ, мавриди истифода қарор додани пойгоҳҳои тақсимкунандаи барқ ва дигар корҳои азими аср мебошанд, ки истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда, роҳи бузургро барои Ватани мо ба бозори минтақавӣ васеъ намуданд.
Тавассути стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз мамлакат бо бештар маҳсулоти зарурии озуқаворӣ таъмин буда, маҳсулоти хӯрокаи он аз намуди сабзавоту меваҷот ва ширию гӯштӣ, инчунин, асалу нӯшоба ва дигар навъҳои ғизо ба давлатҳои наздику дур содирот мешаванд. Яъне, то соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ба давлати саноатӣ — аграрӣ табдил хоҳад ёфт.
Ташаббусу иқдомҳои таърихӣ ва наҷиби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи истиқрори сулҳ дар минтақа, ба роҳ мондани робитаҳои ҳасанаи байнидавлатӣ, эҳтиром ба фарҳангу илм ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинони кишварҳои осебпазир, инчунин, иқдомҳои дар соҳаи иқлим ва об роҳанандозӣ намуда, ба Пешвои миллат имкон фароҳам оварданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвари асри XXI мушарраф гардад.
Халқи саодатманд ва сипосгузори тоҷик барои хизматҳои хастанопазир ва сарсупурдагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон до д. Соли 2016 бо қабули Қонуни конститутсионӣ ба Сарвари давлат чун арҷи хосса ва қадрдонии бузургу сипосгузории амиқ мартабаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дода шуд.
Раиси вилоят махсус таъкид кард, ки Роҳбари давлат чун сиёсатмадори баркамоли ҷаҳонӣ, фарзонафарзанди миллат ва айни замон дар заминаи арзишҳои волои миллӣ ташаккулёфта аз рӯзҳои нахустини ҳокимиятдорӣ ВМКБ – ро зери диққати хос қарор дода, вобаста ба ҳалли мушкилоти марҳилаи аввали истиқлолияти давлатӣ иқдомҳои муассирро пиёда намудаанд.
Ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва заифии ҳокимият дар вилоят нигоҳ накарда, Ҷаноби Олӣ моҳи июни соли 1993 ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд ва ин ташрифи таърихии Пешвои миллат дар қалби Бадахшониён шуълаи умедро барафрӯхт ва онҳоро муътақид сохт, ки вилоят ҷузъи ҷудонашавандаи Ватан буда, ягон неруи ифротӣ наметавонад ваҳдати моро халалдор созад.
Дар заминаи шиносоӣ бо вазъи воқеии вилоят ва таклифу пешниҳодҳои сокинони он нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ таҳия гардида, вобаста ба бартараф намудани як қатор камбудию норасоиҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Соли равон Пешвои миллат зимни ташрифи навбатии таърихӣ ва хотирмон ба вилоят, бори дигар бо ҳидоятҳои мӯшфиқона ва оқилона бадахшониёнро ба идомаи бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуданд.
Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд.
- Ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Бадахшон барои сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро дар ҳамаи самт ба роҳ монда, бахшида ба ин санаи фархунда бунёди 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Сокинони Бадахшон боварии комил доранд, ки дар заминаи корҳои бузурги анҷомдодашуда таҳти ҳидоят, роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ сарҷамъона меҳнат намуда, диёри худро ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи Ватан табдил хоҳанд дод, — хулоса кард раиси ВМКБ.
Баъди маросими мукофотонидани як қатор ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявияю вилоятӣ ба ифтихори ин ду санаи муҳим бо ифтихорномаи раиси ВМКБ ва мукофоти пулӣ барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳофизону ҳунармандони вилоят пешкаши ҷамъомадагон шуд.
***
Инчунин, ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси ВМКБ Маркази савдои «Чорбоғ», биноҳои нави панҷошёнаи истиқоматӣ бо тамоми шароити муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2, 5 километри роҳи асосии маркази вилоят бо тарҳи нав чароғон ва истгоҳҳои муосири нақлиётии мусофирбар ба истифода дода шуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»