Дар натиҷаи боришоти шадиди шаби 11 ба 12-уми май ва фаромадани ярч дар километри 291-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма – Қароқурум (мавзеи Гулдара)-и ҳудуди ноҳияи Дарвоз як қисмати роҳ комилан вайрон гардида, ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт тавассуи ин шоҳроҳ қатъ гардида буд.
Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартараф кардани оқибати ин офати табиӣ дар ҳайати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикисон Шералӣ Ганҷалзода дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҷалби сохтору идораҳои роҳсозӣ ба кор шурӯъ намуданд. Таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ширкатҳои роҳсозии Чину Эрон, ки баҳри бунёди қисмати роҳи Шӯрообод-Шоҳон фаъолият доранд, ба барқарор намудани қитъаи вайронгардида ҷалб шуданд.
Аз муовини якуми раиси вилояти Бадахшон Нуралӣ Риоев, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Сайидбурҳони Саидраҳмон, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят Дусталӣ Худоёров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои авомобилгарди вилоят Муҳаммадҷон Ширинҷонов ва масъулини дигар сохторҳои марбута низ ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир гардиданд.
Бартарафкунии оқибати офати табиӣ зери назорати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмонов сурат гирифта, соати 22:00-и шаби 13-уми май кушода шуда, аввалин мошинҳо тавассути он ба шаҳри Душанбе ва баръакс ҳаракат намуданд. Айни замон ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин аст. Корҳои барқарорсозӣ дар ин қитъаи роҳ бомаром идома дошта, роҳсозон кӯшиш доранд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат онро ба меъёри байналмиллалии роҳсозӣ мутобиқ намоянд.
Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»