Бадахшон. Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд

№38 (4300) 27.03.2021

Дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои назаррас амалӣ мегарданд.

Баргузории чорабиниҳо бо иштироки доираи васеи одамон боис ба рӯ овардани насли ҷавон ба ҳунарҳои аҷдодӣ мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар навоҳии вилоят ҳунарҳои мардумӣ сол ба сол ривоҷ ёфта, дар ин замина коргоҳҳои нав таъсис меёбанд. Чунончӣ, дар ноҳияи Дарвоз усули зардӯзӣ дар матоъ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, ноҳияи Ванҷ табақтарошӣ, коркарди чӯбу тоқидӯзӣ ва дар шаҳри Хоруғ аз риштаи маҳаллӣ бофтани ашёи рӯзгор дар ҳоли рушд қарор дорад.

Чорабиниҳои соли ҷорӣ баргузоргардида, аз қабили «Дастархонороӣ», «Ҳунар беҳ аз зар», «Ҳунари кадбонугӣ», «Машшотагӣ» ва ғайра нишон дод,ки дар ВМКБ таваҷҷуҳи сокинон ба ҳунарҳои мардумӣ тамоюли афзоишро касб кардааст.

Дар шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии вилоят ҷӯроббофӣ маъмул аст. Гуногунрангии ҷӯробҳои помирӣ солҳо боз диққати сайёҳонро ҷалб намуда, аз он сокинон даромади хуб ба даст меоранд.

Дар ин кор Ташкилоти ҷамъиятии «Памир де» низ ба сокинон кумак мерасонад. Ин ташкилот ҳамкориро бо ҳунармандон тавсеа бахшида, маҳсулоти онҳоро пешкаши сайёҳони хориҷиву дохилӣ месозад.

Дар намоишгоҳи ин ташкилот ҳунарҳои дастии сокинони Бадахшон ҷамъоварӣ шудааст, ки ҷолибу диққатҷалбкунандаанд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»