Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чароғи раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи фардои пур аз орзуву ормонҳои наҷиб мебошанд. Бесабаб нест, ки онҳоро мардуми кишвар аз хурд то калон бесаброна интизорӣ мекашанд ва бо фарорасии он рӯ ба рӯи оинаи нилгун нишаста, бодиққат гӯш медиҳанд. Зеро аз Паём то Паём дигаргунии зиёд ба амал меояд. Сокинони кишвар ба хубӣ дарк намудаанд, ки Пешвои миллат на танҳо бурду бохти соли гузаштаро барои онҳо шарҳ медиҳанд, балки мардумро ба корҳое раҳнамун месозанд, ки боис ба сарсабзии мамлакат, оромию амонӣ ва зиндагии шоиста мегарданд.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бадрақа ба сӯи саодатмандию хушбахтианд ва мардум дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат даст ба ободонию созандагӣ зада, бо дилпурию боварӣ қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ мегузоранд.
Дар Паёми имсола ҳам шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои сарнавиштсози наву баландарзиш гардидем ва итминон дорем, ки иҷрои онҳо мамлакатро ободу пешрафта менамоянд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардум ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Он ҳама масъалаи гузаштаву кунунӣ ва ояндаи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсии дохиливу хориҷии мамлакатро дар бар гирифтааст, ки дар сархаташ таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши арзишманд доранд. Зеро озодиву истиқлолият ва ваҳдати комил бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, барои ҳимоя, пойдору устувор мондани онҳо ҳама саъю талошро бояд равона созем ва чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намоем.
Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила, расидан ба зиндагии шоиста дастуру супоришҳои созанда доданд. Чун ноҳияеро, ки сарварӣ мекунам, аграрист, як нуктаро мехоҳам ёдовар шавам. Соли гузашта дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат тавонистем масоҳати замини картошказорро қариб 1000 гектар дар ҳама шакли хоҷагидорӣ зиёд намоем. Чанд сол пештар Пешвои миллат ба кишоварзон таъкид намуда гуфтанд: «Мо бояд маданияти истифодаи заминро ёд гирем». Бо мурури сол ин андарзи оқилонаи Сарвари давлат ба кишоварзон таъсири хуб расонд. Онҳо дар натиҷаи оқилона истифода бурдани замин соли равон ҳосили фаровон ба даст оварданд. Гоҳи суҳбат ва вохӯриҳо картошкапарварон бо арзи сипос андарзи Сарвари давлатро ёд меоранд ва илова мекунанд, ки имсол на танҳо масоҳати замини картошказорро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ, балки талош менамоянд, ки як ваҷаб замин дар ноҳия бекор намонад. Ҳамчунин, ба нақша гирифтаанд, ки барои аз як замин ду ҳосил гирифтан чораву тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Кишоварзон аз он бештар неруву тавон пайдо намуданд, ки онҳо соли равон аз пардохти андози ягонаи замин озод мебошанд ва ин тадбири андешидаи Пешвои миллат онҳоро водор менамояд, ки дар ҷавоби ғамхорӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоии сокинони кишвар саҳми сазовор гузоранд.
Пешвои миллат дар Паём ба саҳми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, шавқу рағбати онҳоро ба корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ даҳчанд намуданд ва ба ҳайси Сарвари давлат ба натиҷаи корашон чунин баҳои арзандаро лоиқ донистанд:
«Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд. Бо истифода аз фурсат, ба хурду бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳибкорону шахсони саховатманд, барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён менамоям».
Тайи чанд соли охир соҳибкорони кишвар худро пайрави содиқи Пешвои миллат дар ободонию созандагӣ меҳисобанд. Ҳамин аст, ки сол то сол сафи соҳибкорони созандаву ободкор рӯ ба афзоиш аст. Баъди шунидани Паёми имсола соҳибкорон ин нуктаро ёдовар шуда, ваъда доданд, ки на танҳо дар ободкориҳо саҳм мегузоранд, балки ба хотири пешрафти соҳаи саноати мамлакат дар бунёди корхонаҳои саноатии хурду бузург ва ташкили ҷойҳои нави кор ҳиссагузорӣ менамоянд. Бахусус, дар ноҳияи Рашт бовар дорем, ки ба фаъолияти бунёдкорӣ Паёми имсолаи Сарвари давлат такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои асосии пешбарандаи иқтисод ҳисобида мешавад. Рушди он имкон фароҳам меоварад, ки дар баробари пайдо гардидани ҷойҳои нави кор ва бунёди ҷойҳои истироҳатӣ, даромади хуберо низ барои сокинони кишвар, ки дар рушди соҳа саҳм мегиранд, таъмин намояд. Ин нукта аз мадди назари Пешвои миллат дур намонд ва бори дигар дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Паёми имсола ибрози назар намуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баъди омӯзиши ҳамаҷониба ба хулоса омад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт корро боз ҳам хубтар ба роҳ монад ва барои рушди бемайлони соҳа тадбирҳои иловагӣ андешад. Пӯшида нест, ки навоҳии кӯҳистони кишвар метавонанд дар ояндаи наздик саёҳатгоҳи мардуми олам шаванд. Барои амалӣ гардидани ин нияти хайр тасмим гирифтем, ки корҳои ободониро рушд дода, ҳунарҳои мардумиро ривоҷ диҳем. Маҳз бо таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардиданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба рушди забони тоҷикӣ диққати хоса дода, ин масъаларо бори дигар ёдовар шуданд. Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, сарвати бебаҳост ва ҳар соҳибватан вазифадор аст, ки бо он озод ҳарф занад ва фикрашро гуфта тавонад. Маҳз дар партави ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат забони давлатӣ ҳоло мавқееро соҳиб гаштааст, ки дар ҳеҷ давру замон нарасида буд. Ба ҳар як сокини мамлакат лозим аст, ки дар баробари омӯхтани забони давлатӣ, фарзандон ва дигар наздиконро водор намояд, то ба қадри ин неъмати бузург расанд. Омӯзиши осори адибони пешин ва муосир барои забони шевои тоҷикиро аз бар намудан мададгори ҳар як фарди забономӯз ва меҳанпарасту миллатдӯст аст.
«Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар даврони шӯравӣ бар асари бепарвоӣ садҳо ёдгории таърихӣ несту нобуд шуданд. Муаллифи «Таърихи ҳумоюн» Гулшании Бухороӣ дар асараш ёдовар мешавад, ки дар навоҳии Рашт 18 қалъа мавҷуд аст. Шоҳидон низ ҳикоя мекунанд, ки солҳои аввали Инқилоби Октябр қалъаҳо побарҷо буданд, аммо солҳои чилуму панҷоҳуми асри гузашта онҳоро хароб карданд. Ҳоло ҷуз теппаҳои пасту баланд аз он ёдгориҳои таърихӣ нишони дигар нест. Паём моро вазифадор менамояд, ки ёдгориҳои таърихии бударо ҳифз кунем ва таъмиру тармим карда, барои ояндаҳо нигоҳ дорем.
Бинобар ин, сокинони ноҳияи Рашт ва кормандони масъули ташкилоту муассисаҳои он Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун чароғи раҳнамо ва ҳидоятгар сармашқи фаъолият қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳама вақт ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Раҳимҷон МУҚИМӢ,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт