Таҷлили санаҳои хотирмони рӯзгорамон аст, ки дар вуҷуди мо умед ба оянда ва фардои дурахшон бедор гардида, моро барои анҷом додани кору амалҳои нек талқин менамояд.
Дар 22 соли истиқлолияти хеш Тоҷикистон қадамҳои устувор дар роҳи пешрафти ҷомеа гузошта, бо даҳҳо давлату кишварҳои дунё робитаи дипломатӣ барқарор намуда, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маданиро ба роҳ монд. Тайи ин муддат хусусан боло рафтани мавқеи зан- модар дар ҷомеа хеле назаррас аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонид. Дар робита ба ин масъала зимни суҳбат бо хабарнигорамон сардори шуъбаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Шамсиева чунин иброз намуд:
- Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳгардонии шароити занон дар маркази диққати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ, шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос таҳия намуд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз қабили барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва ғайра қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо баҳри беҳтар гардонидани мақоми зан дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» заминаи асосӣ дар афзоиши теъдоди занон дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ гардид.
«Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд».
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, 7 марти соли 2013)
Айни ҳол дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ба имрӯз аз шумораи 18 491 нафар хизматчиёни давлатӣ 4 343 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. То ба имрӯз дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 11266 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 2727 нафарашон занон мебошанд.
Имрӯз дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафар зан, аз ҷумла чор нафар — Қобиламоҳ Ғуломшоева, Заррина Раҷабова, Матлубахон Сатторова, Ҷамила Кенжекулова узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳ нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи саломатӣ Сабоҳат Муқумова, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саодат Амиршоева, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Бибидавлат Авзалшоева, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нодира Турдиматова, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Мақсуда Самадова фаъолият намуда истодаанд.
Дар мақомоти судӣ аз 412 судя- 90 нафаршон занон мебошанд, ки нуҳ нафарашон раисони судҳои ноҳиявию шаҳрианд. Боиси тазаккур аст, ки пешрафти мамлакатро бидуни рушди соҳаи маориф ва илм тасаввур кардан имконнопазир аст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2011 -ум 796 182 нафар духтарон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2004 -ум 27382 нафар зиёд мебошад. Умуман, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бо ин мақсад ҳанӯз аз соли 1997 то соли 2013 ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 12349 нафар қабул гардидаанд, ки 8495 нафари он духтарон мебошанд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисосро аз рӯйи барномаҳои «Зан- роҳбар», «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ» ва «Менеҷменти нави давлатӣ» баргузор намуда истодааст. Дар ин давра ба курсҳои мазкур 325 нафар занону духтарон фаро гирифта шуданд. Инчунин аз ҷониби шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 77 курси омӯзишӣ барои 1655 нафар занону духтарони лаёқатманди мақомоти маҳаллӣ баргузор карда шудааст.
Ҳамзамон аз соли 2009 курсҳои магистрӣ барои хизматчиёни давлатӣ аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 инҷониб бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ грантҳои президентӣ таъсис дода шуд. Зимни амалигардонии ин лоиҳаҳо дар муддати панҷ сол зиёда аз 21000 нафар занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд.
Дар ин робита бо мақсади дастгирии иқдоми неки пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд 15 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд.
Дар охир барои мардуми Тоҷикистон Ҷашни истиқлолиятро табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама барояшон саодати рӯзгор, сулҳу салоҳ ва оромии Ватанро таманно мекунем.
Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»