Имсол ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, дар муҳлати 20 соли мавриди амал қарор доштанаш ҳамагӣ ду маротиба – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо гирифтани раъйи умумии сокинони кишвар ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин раванд ба устувориву пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидат кард.
Дар моддаи якуми боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва дигаронро зери парасторӣ ва ғамхорӣ фаро мегирад. Ҳамчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш зери ҳимояи давлат қарор доранд. Зарурати қабули Конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлолияти кишвар ба миён омад. Дар баробари ин, дигаргуниҳои хеле ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсии олам тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Зеро дар ҳама давру замонҳо, бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.
Дар Конститутсияи нави кишвар бисёр арзишҳои миллию давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон мақому манзалати вижа пайдо карданд. Бори аввал дар масири таърих, баъди садсолаҳо, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ мақоми расмӣ гирифт ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат шинохта шуданд. Имрӯз, мутобиқи талаботи Конститутсия, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Афзалияти дигари Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боби алоҳидае, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дахл дорад, бармеояд. Бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид.
Зимни таҳияи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи давлат қарор доранд ва дигар муносибатҳои оилавӣ ҳам тариқи он ба танзим дароварда мешаванд. Илова бар ин, вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шуд.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки талаботи санади асосии давлатро ҳатмӣ риоя намоянд. Дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян карда шудааст.
Яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон таъсис додани Парламенти думаҷлиса –Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аст, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому салоҳияти онҳоро боби алоҳида (боби 3) муайян мекунад.
Дар боби чорум мақом, салоҳият, ваколатҳои Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия муайян гардидааст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.
Меҳрангез Ғоибова, мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва корҳои махсуси Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон