12 июни соли ҷорӣ раиси Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев ва ҳайати кормандони он бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омаданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, гуфтушуниди роҳбарони хадамоти махсуси ду мамлакати дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт. Баъд аз мулоқот Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев имзо карданд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳо миёни ду мамлакати дӯсту бародар дар сатҳи сифатан нав қарор доранд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд байни хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони муосир қобили зикр мебошад. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористиву экстремистӣ мавқеи устувор, қатъӣ ва ягона доранд.
Меҳмонон, инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» шинос шуда, ба ноҳияи Варзоб низ сафар карданд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»