Балҷувон. 130 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегирад

№61 (4067) 21.05.2020

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон бунёдкорӣ тав­сеа ёфта, сохтмон ва навсозии иншооти варзишию фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дӯкону мағозаҳои ҳунарҳои мардумӣ, хизмат­расонӣ ва муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Шералӣ Ҷалилзода изҳор дошт, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 375 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Соли ҷорӣ 130 бинову иншоот ба истифода дода мешавад. Феълан дар 92 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

- Дар се моҳи аввали соли 2020 як қатор иншоотҳои тарҳи муосир ба истифода дода шуд, ки ҳусни ноҳияро зеботар карданд,  — гуфт Шералӣ Ҷалилзода.

То якуми апрели соли 2020 дар Балҷувон 11 лоиҳа амалӣ гардид, ки  дар маҷмӯъ, 136 зерлоиҳаро дар бар гирифтааст. Сохтмону навсозии чор муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, қасри фарҳанг, гулгашт, чор бунгоҳи тиббӣ, ду маркази саломатӣ, ду дорухона, толори варзишӣ, шаш майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кӯдакон, чор меҳмонхона, шаш сартарошхона, ду ҳаммом, кошонаи ҳусн, сездаҳ маркази савдо, ҳафт маркази хизмат­расонӣ, ду коргоҳи дӯзандагӣ,  дӯкони ҳунармандӣ, се пули мошингузар ва  таъмири роҳҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонкунии як кӯча аз ҳамон ҷумлаанд.

Ҳоло ноҳияи Балҷувон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зебою дилрабо гардида, сайёҳони дохилу хориҷро мафтун мегардонад. Пештар сокинони баландкӯҳи ноҳия аз набудани мошинҳои мусофиркашонӣ аз маркази ноҳия ба  самти шаҳри Душанбе азият мекашиданд. Алҳол ин мушкилот ҳал шуда, хатсайри нав аз маркази ноҳия ба шаҳри Душанбе фаъол гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия 3 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаи коркарди сангҳои маҳаллӣ ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки даҳҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

- Сокинони ноҳияи Балҷувон дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи корашон бошад, — гуфт дар охири суҳбат Шералӣ ­Ҷалилзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»