Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорони маҳаллӣ муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо беҳтарин шароити таълим бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон иттилоъ доданд, бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Хироби деҳоти Балҷувон мавриди истифода қарор гирифта, аз ду ошёна иборат мебошад, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳаҳои Солмолидашт ва Охбулоқи ноҳия низ биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5 ва 4 бо тамоми шароит мавриди истифода қарор гирифт.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»