Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Балҷувон, ки як моҳ идома кард, якшанбеи гузашта ҷамъбаст гардид.
Дар он, ки бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сурат гирифт, тамоми ташкилоту муассиса дар ҳайати 16 даста маҳорат санҷиданд. Зимни қувваозмоии ниҳоӣ дастаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бар тими Идораи беҳдошти санитарию эпидемиологӣ бо ҳисоби 7 бар 2 ғолиб омада, ба гирифтани ҷом мушарраф гардид. Ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ Беморхонаи марказӣ ноил шуд.
Ба ғолибон медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравиро дар вазъияти тантанавӣ раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат Оймаҳмад тақдим кард.
Дар ин бора мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Аҳрор Сангов иттилоъ дод.
«Садои мардум»