27 ноябри соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Балҷувон қасри нави фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт, ки толори барҳавояш барои 360 ҷойи нишаст муқаррар гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату кумита, идораҳои давлатии назди Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
- Барои бунёди иншоот, ки соли 2016 оғоз ёфт, панҷ миллиону 389 ҳазор сомонӣ сарф гардида, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни он ҶДММ «Бале ҷавон», ҶДММ «Сохтмони куллиён», ҶДММ «Нивелир-03», ҶДММ «Мунис С», ҶДММ «Аршсохтмон», ҶДММ «Юнус-98» ва ҶДММ «Нақлиёти дастрас» буданд, — гуфт дар суҳбат ба хабарнигорамон раиси ноҳия Зоирзода Маърифат Оймаҳмад.
Умуман, бахшида ба ҷашни миллии кишвар дар Балҷувон бунёди 305 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ду адади он аллакай ба истифода дода шуда, дар 43–тои дигар корҳои сохтмонӣ шурӯъ гардиданд.
«Садои мардум»