Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре зимни суҳбат мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳия Саид Шукуров иброз дошт, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сино Раҷабов бо харҷи 5 миллиону 580 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 12 нафар сокини шаҳрак бо ҷои кор таъмин шуданд.
Дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ аввали соли 2024 оғоз гардида, бо санъати баланди меъморӣ бунёд шуд.
Ошёнаи аввали бино аз марказҳои савдою хизматрасонӣ иборат буда, сокинон метавонанд молҳои ниёзи хешро аз он ҷо дастрас намоянд. Ошёнаҳои дигар бошад, барои хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ шуда, дар маҷмуъ, 48 хонаи 1, 2 ва 3- ҳуҷрагиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, С. Шукуров иттилоъ дод, ки дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди 18 бинои баландошёна ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 6 адади он пуррра сохта ба истифода дода шудааст.
С. СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”