ШСХК «Барқи Тоҷик» эълон кард, ки фасли зимистон дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд.
Моҳи равон ин ниҳод эълон дошт, ки бунёду таҷдиди неругоҳ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ имкон медиҳанд сокинон дар давраи зимистон бе барқ намонанд. ШСХК «Барқи Тоҷик», инчунин, сокинони кишварро даъват кард, ки дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исроф роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли ҷорӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар гуфт, ки соли гузашта дар ҳамин давра аҳолӣ барқро бо маҳдудият дарёфт мекард — 10 соат дар як шабонарӯз.
«Аммо тавре мебинед, лимит ҷорӣ нашудааст. Мо тасмим дорем, онро комилан бекор кунем. Аммо аз худи сокинон, бахусус, аз соҳибкорон, вобаста аст, ки барқро чӣ гуна истифода мебаранд», — афзуд Президенти мамлакат.
Инчунин, хабар дода шуд, ки охири соли оянда нахустин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд ва бо роҳандозии чархаи дуюм камбуди барқ комилан рафъ мешавад.
Соли гузашта лимити барқ дар ҷумҳурӣ расман 1 ноябр ҷорӣ шуд. Он замон маҳдудият, ба ҷуз аз пойтахт ва шаҳрҳои калон, дигар минтақаҳои кишварро фаро мегирифт.
«Садои мардум»