Форуми байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 июни соли 2022 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ — «Қасри Таврический»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, «Парламенти ҷавон — назаре ба ояндаи Иттиҳод» номгузорӣ шуда, дар он як зумра ҷавонони лаёқатманд аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода низ аз тариқи фосилавӣ иштирок карда, дар бораи масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар ибрози андеша намуд. Ҳамчунин, гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонони созанда чораҳои судманд андешида, ба саҳми онҳо дар рушду ободкориҳои кишвар аз ҷониби ҷомеа ва дар сатҳи давлатӣ баҳои баланд дода мешавад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон