Бистуми апрели соли ҷорӣ котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов зимни суҳбати гирди миз, ки дар доираи Форуми осиёии Боао барои роҳбарони ташкилотҳои минтақавии Осиё ва муассисаҳои таҳлилӣ аз ҷониби Институти таҳқиқоти байналмилалии Хитой доир шуд, баромад намуд.
Ба қавли ӯ, оқибатҳои манфии пандемия нуфузи низоми ҷаҳонии идоракунӣ ва даъват ба ислоҳоти онро тақвият дод.
- Дар шароити ҳозира ҳамоҳангсозии наздики фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳои афзоянда ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ хеле муҳим аст. Зарурати ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сохторҳое, ки ҳадаф ва вазифаҳои якхела доранд, меафзояд, — гуфт В. Норов ва таъкид кард, ки созмонҳои минтақавии Осиё бояд неруҳоро муттаҳид карда, дар ислоҳоти идоракунии ҷаҳонӣ фаъолона ширкат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми осиёии Боао, ки бо номи «Давоси шарқӣ» низ маъруф аст, аз соли 2002 дар шаҳри Боаои Хитой баргузор мегардад. Ҳадафи он дастгирӣ ва рушди ҳамкории иқтисодӣ дар Осиё ва берун аз он тавассути баргузор намудани вохӯриҳои сатҳи баланди солона бо иштироки намояндагони ҳукуматҳо ва соҳибкорону доираҳои саноатӣ аз кишварҳои минтақа мебошад.