Баргузории озмуни вилоятии «Ҳунар омӯз…»

№ 09.06.2023

Дар хона – музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» озмуни вилоятии «Ҳунар омӯз…» баргузор гардид, ки дар он 50 ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар натиҷа 18 нафар ба диплом ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сазовор гардиданд. Аз ҷумла, ҳунари кандакорон Нусрат Сайдалиев аз ноҳияи Зафаробод, Ҳамидулло Мадиев аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, оҳангарон Бахтиёр Абдухалилов аз ноҳияи Ашт, Зоҳидҷон Ҳамроқулов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кулолгарон Ғолиб Усмонов аз шаҳри Хуҷанд ва Гулҷеҳра Валиева аз шаҳри Исфара мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон ва тамошобинон қарор гирифт.

Зафаробод: Ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷамъбаст гардид. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар даври ноҳиявии озмун 1349 довталаб иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд.

Дар натиҷа, 55 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»