Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»

БАРГУЗОРИИ «САД РАНГИ ЧАКАН» ДАР ЁВОН

№ 18.04.2024

Дар ноҳияи Ёвон даври аввали озмуни «Сад ранги чакан» баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар толори қасри фарҳанги ноҳия ба номи Тағоймурод Хушвахтов тарроҳони ботаҷриба зебогиҳои ҳунарҳои миллӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, чакан, қуроқдӯзӣ ва дигар намунаҳои халқиро ба маъраз гузоштанд.  Ҳамчунин, дар озмун аз тарафи иштирокдорон сару либоси миллии анъанавӣ барои маърака, хонапӯшӣ ва кӯдаконаю мактабиро бо ороиши миллии гулдӯзию чакан, қуроқдузӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуд.

 Суруду шеъру тарона ва рақсҳои дилнишини  гулдухтарони коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия деҳоти ба номи Гулсара Юсупова фестивал-озмунро боз ҳам рангинтар гардонид.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»