Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, самтҳои асосии фаъолият ва рушди минбаъдаи ҷомеаро инъикос мекунад. Вобаста ба ин, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки коршиносон, иқтисодчиён ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба татбиқ намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар давраи то соли 2015» ва таҳияи барномаи нав барои давраи то соли 2020 мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғоз сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ Латиф Шозодаев оид ба натиҷаҳои Барномаи мавриди назар мухтасар маълумот дод. Зикр гардид, ки дар ин давра ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб – Хоруғ — Мурғоб идома дорад. Гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма — Қаросӯ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва гузаргоҳҳои Тем, Ишкошим, Хумроғӣ ва Рузвай бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2014-ум 33 коргоҳ бо 260 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, таъсиси 36 корхонаи дигар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз ҳадафҳои дигари стратегӣ ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи консесионӣ Ширкати «Помирэнерҷи» дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Дар ин давра зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ аз таъмири ҷорӣ баромада, дар 98 фоизи манзилҳои истиқоматӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҳисобкунакҳои электронӣ насб гардида, талафоти неруи барқ кам гардид.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шозодаев оид ба дигар самтҳои афзалиятноки барнома зикр намуд, ки амалӣ гардидани барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард. Мудири бахши молия, иқтисод ва ояндабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ Ақназар Имомназар сатҳи иҷрои барномаро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки он, дар маҷмӯъ, танҳо ба андозаи 35 фоиз таъмин гардидааст.
Зикр намуд, ки сабабҳо ва сабақҳои гирифташуда ва истифодаи онҳо дар барномаи нав ҳадафи муҳим ва ниҳоии мизи мудаввар мебошад. Дар рафти муаррифии барнома сабабҳои иҷро нагардидани баъзе бандҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ то соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Менеҷери Хазинаи Оғохон дар ВМКБ Кишвар Абдулалишоев таври мухтасар оид ба нақшаҳою ҷонибдории хеш аз «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар давраи то соли 2015» дар манотиқи кӯҳистон суҳбат намуда, зикр кард, ки ташкилоти мазкур имрӯзҳо дар 26 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Мақсади ташкилот тавассути барномаҳо ва хизматрасониҳо беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ташкилот корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла 100 барнома оид ба сохтмон ва таъмири хатҳои оби нӯшокӣ барои сокинони деҳоти вилоят пешбинӣ гардидаанд. 45 барнома барои сохтмону азнавсозии иншооти тиббӣ бо маблағи 5 миллион сомонӣ ва 24 барнома барои таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят тарҳрезӣ гардидаанд. Ҳамчунин рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғот, коркарди мева, бунёди гармхонаҳо, барқарорсозии ҷангалзорҳо, дастгирии соҳаи тухмипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ низ аз мадди назар дур намонда, барномаҳои алоҳида амалӣ мегарданд.
Сипас, намояндаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Сангин Элназаров оид ба дастовардҳои соҳаи геология сухан карда, зикр намуд, ки омӯзишу коркарди канданиҳои фоиданок ва захираҳои табиии Тоҷикистон омили пешрафт ва таъмини зиндагии хуби мардуми кишвар аст. Барои пешрафти ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо таҳия гардидаанд. «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» (аз 29 апрели соли 2009 таҳти №255) яке аз чунин барномаҳо маҳсуб ёфта, мутобиқи он се экспедитсияи геологӣ, аз қабили Экспедитсияи иктишофӣ — геологии Помир, Экспедитсияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ва Экспедитсияи гидрогеологии ҷануби назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ВМКБ фаъолият менамоянд. Барои тайёр намудани мутахассисони ин соҳа дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев факултети илмҳои табиӣ, шуъбаи геология таъсис ва хатмкунандагони онҳо ҳамасола ба экспедитсияҳо барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд.
Самти дигари афзалиятнок дар ҳудуди ВМКБ таъсис додани паркҳои геологӣ барои ҷалби бештари сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад. Оид ба дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят зикр гардид, ки барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон, пеш аз ҳама, бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Мамад Алимшоев оид ба дастовардҳои донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва нақшаҳои оянда арз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат донишгоҳ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Бо дарназардошти талаботи имрӯзаи бозори меҳнат аз ҳисоби кам кардани ихтисосҳои омӯзгорӣ мутахассисони соҳаи дорусозӣ тайёр карда мешаванд. Ҳамчунин барои такмили ихтисосҳои химия, физика ва биология сохтмони озмоишгоҳҳо дар назар аст.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар ин бора афзуд, ки нақши донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони варзида бараъло эҳсос мегардад. Бинобар ин, ояндаи наздик дар назди он таъсис додани Коллеҷи саноати кӯҳӣ ва Коллеҷи санъат дар назар аст.
Намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, сохторҳои Хазинаи Оғохон оид ба тандурустӣ ва маориф дар навбати худ оид ба корҳои баанҷомрасида ва нақшаҳои оянда маълумот ироа намуданд. Гуфта шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар давраи то солҳои 2015-2020» бояд ҳаматарафа таҳлил гардида, фикру мулоҳизаҳои дақиқ пешниҳод шаванд. Бинобар ин, чунин нишастҳо идома хоҳанд ёфт.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»