«Пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву оромии мардум бошанд».
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия, 10 ноябри соли 2014
Дар шароити мураккаби ҳозира мақомоти корҳои дохилӣ дар сафи аввали муборизаи зидди ҷинояткорӣ буда, риояи қонуният ва амнияти шахсии шаҳрвандонро таъмин менамояд. Дар арафаи иди касбии кормандони милитсия хабарнигорамон бо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майори милитсия Икром Умарзода ҳамсуҳбат шуд.
- Қабл аз ҳама, мехоҳам барои хонандагони рӯзнома оид ба саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ намудани амалҳои ҷинояткорӣ, тахрибкорию ифротгаройӣ маълумот диҳед…
- Пешрафт, суботу амнияти давлат ва ҷомеа аз фаъолият, маҳорати касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад. Маҳз бо фидокорӣ ва корнамоии кормандони милитсия даҳҳо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, чандин нафарони ҷиноятпеша боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли равон 16 ҳазору 700 (соли 2014- ум 15183) ҷиноят аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуд, ки ошкоршавии онҳо 88,1 фоизро (87,3) ташкил медиҳад. Дар давоми соли равон аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 100 нафар барои содир кардани 208 ҷиноят муайян ва дастгир карда шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ аз тарафи ҷузъу томҳои вазорат 167 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Бахусус корнамоӣ, матонат ва шуҷоати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати пешгирӣ ва торумор намудани гурӯҳи террористӣ бо роҳбарии А. Назарзода, ки тибқи нақшаи пешакӣ, бо мақсади халалдор намудани зиндагии орому осудагии мардум, зарба задан ба пояҳои давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ шуда буд, шоистаи таҳсин ва фаромӯшношуданист.
Ба далерию шуҷоати онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (25 сентябри соли 2015) чунин баҳо доданд: «Мардуми сипосгузори тоҷик ва Давлат, Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоён, матонату ҷасорат ва ғайрату фидокории шумо, ҳомиёни шуҷои Ватанро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд».
Мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳурот ва амалҳои ҷинояткорӣ аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ тавр амалӣ мегардад?
- Таъмини иҷрои Фармони мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ як ҳазору 203 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 153 адад автомат, 296 адад таппонча ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Аз соли 1994 то инҷониб миқдори силоҳи оташфишони мусодирагардида 38 ҳазору 954 ададро ташкил медиҳад. Дар ин самт минбаъд низ тадбирҳо андешида мешаванд.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид ва мавриди амал қарор дорад. Дар асоси ин қонун робитаи мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷомеаро дар пешгирӣ ва ошкор намудани кирдорҳои ҷиноятӣ чӣ тавр баҳо медиҳед?
- Дар доираи талаботи қонуни мазкур аз тарафи нозирони минтақавии милитсия барои ҳамкорӣ 4919 нафар кормандони ғайриштатии милитсия ҷалб гардидаанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон 2155 (соли 2014 — ум — 1780) ҷиноят ва бо ёрии кормандони ғайриштатии милитсия 444 (соли 2014 — ум 383) ҷиноят ошкор карда шудааст.
Дар ошкору пешгирӣ намудани амалҳои ҷиноятӣ ва қонуншиканӣ онҳо саҳми калон доранд.
Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» то инҷониб дар миқёси ҷумҳурӣ 134 минтақаи хизматии милитсия таъсис дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки робита бо мардум боз ҳам беҳтар гардад.
- Дар аксари давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ милитсияро бо политсия иваз карданд. Оё дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тағйирот пешбинӣ шудааст? Дар сурати қабул гардидан дар сохтори мақомот, вазифа ва салоҳияти кормандони он чӣ дигаргуниҳо пешбинӣ мегардад?
- Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ омад, ки боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ гардид. Аз ҷумла системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Навгониҳое, ки ба фаъолияти судҳо, мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ворид шуда истодаанд, ҳатман ба хусусияти фаъолияти қисмҳои дигари ин система, аз ҷумла ба мақомоти корҳои дохилӣ таъсир хоҳанд расонд. Аз ин лиҳоз, бо иқдоми бевосита ва дастгириву ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти милитсияи тоҷик ислоҳот оғоз гардид. Сарвари давлат ҳанӯз 20 апрели соли 2012 дар Пайёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буданд: «Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шаванд».
Ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба тасвиб расид. Баъдан ҷиҳати муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо оид ба ислоҳот ва рушди милитсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020» тасдиқ гардид. Стратегия бо қабули «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 — 2020» ва нақшаи амаликунонии он, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №296 аз 3 майи соли 2014 тасдиқ гардидааст, мавриди татбиқ қарор гирифт, ки имрӯзҳо амаликунонии он бо сарварии бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳ монда шудааст.
Тибқи барномаи мазкур доираи фаъолияти мақомот васеъ шуда, ба хадамоти шабонарӯзӣ мубаддал меёбад. Аз ҷониби милитсия дар як вақт бо дарназардошти вазифаи асосӣ-таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кумаки таъҷилии тиббӣ, психологӣ, ҷустуҷӯйи одамони гумшуда, кумак ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонот пешбинӣ карда шудааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони «Боварӣ»- и вазири корҳои дохилӣ ва сомонаи вазорат фаъолият дорад.
Ҷиҳати такмил додани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт гурӯҳи кории дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст, ки айни ҳол фаъолият доранд.
Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар ин самт нишон дод, ки ҳуқуқу ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба таври ҳатмӣ, дақиқ, мутобиқ ба сатҳи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар доираи қонун тасдиқ карда шавад.
Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои дигари ислоҳоти милитсия ин баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия мебошад. Дар ин замина, соли 2013 ҷиҳати амалигардонии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» бо иқдоми роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки молиявии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии «Сотсиолог» дар мавзӯи «Ҷинояткории латентӣ ва боварии шаҳрвандон ба милитсия» ва соли 2014 таҳти унвони «Афкори ҷомеа ва интизориҳои шаҳрвандон оид ба ислоҳоти милитсия» пурсишҳои сотсиологӣ гузаронида шуданд.
Нишондодҳои мусбии фаъолияти милитсияи тоҷикро пурсиши дар байни аҳолии 141 кишвари олам гузаронидаи нашрияи бонуфузи «The Independent» (Британияи Кабир) аз 26 октябри соли 2015 низ тасдиқ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишвари бехатари олам барои сайругашти шабона, аз қабили Сингапур, Гонконг, Норвегия, Испания, Руанда, Индонезия, Словения, Австрия ва Арманистон ҷойгир намудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон ҷойи ҳаштумро ишғол кардааст.
- Имрӯзҳо дар доираи давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкориҳои гуногунсоҳа бештар ба назар мерасанд. Миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ чунин ҳамкориҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Махсусан ҳамкориҳои мо дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дигар намуд ҷиноятҳои хатарноки муташаккили трансмиллӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкориҳои муштарак дар асоси фаъолияти бисёрҷониба ва дуҷониба амалӣ карда мешаванд. Мақоми ҳамоҳангсоз дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар доираи ИДМ Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ мебошад. Ин мақом аз соли 1992 фаъолият дорад.
Дар робита ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 шартнома ва созишнома ба имзо расидааст. Масъалаи кофтуков ва истирдоди шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳо ба таври асоснок гумонбар шуда, аз тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, аҳамияти махсус дода мешавад.
Самти афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилаи мо бо сохторҳои дахлдори ВКД-и ИДМ ин расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар доираи Конвенсияи Минск «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ» дар кушодан ва тафтиши ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар ҳудуди давлатҳо содир шудаанд, ба шумор меравад.
Бояд зикр кард, ки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сол аз сол инкишоф ёфта истодааст. Байни вазоратҳои мо зиёда аз 30 созишномаи гуногунсамт оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ҳамасола бо ВКД- и Федерасияи Россия мушовараи якҷоя гузаронида мешавад, ки дар он масъалаву проблемаҳои ҷойдошта баррасӣ ва ҳал мегарданд.
Моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Қайроққум мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо ва ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар, генерал-полковники политсия Колокольцев Владимир Александрович баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз соли ҷорӣ чунин мушовараи якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар дошта шудааст.
Аз сеюм то шашуми июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар доираи чорабинии мазкур панҷуми июн ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва 6 июн машқҳои муштараки тактикии зиддитеррористии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шароити кӯҳсор баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, намояндагони давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, инчунин Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай ва муовини директори Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок намуданд.
Дар ҷаласае, ки гузаронида шуд, масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сепаратизм, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, омода намудани кадрҳо дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ гардида буданд. Дар хотима аз ҷониби сарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои СҲШ Протокол ба имзо расонида шуд.
Дар поёни суҳбат, бо истифода аз фурсати муносиб кормандони милитсияро ба иди касбӣ муборакбод намуда, дар фаъолияташон баҳри ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷомеа бурдбориҳо таманно менамоям.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»