Моҳи марти соли 2015 ман ҳамчун нозири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод атрофи оромгоҳи деҳаи Хами Себи деҳоти «Ҷавонон»-и ноҳияро аз назар гузаронидам. Маълум гашт, ки сокинони шаҳраки Навободи деҳоти зикршуда партовҳояшонро дар назди оромгоҳи деҳа ва роҳи одамгузар партофтаанд. Дар натиҷа, оромгоҳ, ҷӯйбор ва роҳ ба як партовгоҳи калон табдил ёфтааст. Ман ба раиси ҷамоати деҳот С. Раҷабов огоҳнома навишта, ҳушдор додам, ки партовгоҳ метавонад ба саломатии сокинони деҳаҳои гирду атроф ва чорвои онҳо зарар расонад. Баъди баррасии огоҳнома раиси ҷамоати деҳот С. Раҷабов ба кумитаи маҳаллаи Хами Себ супориш дод, ки корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани гирду атрофи оромгоҳ, ҷӯйборҳо ва роҳҳои одамгузарро дар маҳал ба роҳ монад.
Ҳамчун маъюби гурӯҳи якум чанд соли охир роҳбарии Ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Файзободро низ ба уҳда доштам ва кӯшиш менамудам, ки ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ҳар як нобиноро ҳимоя намоям. Чунончӣ, моҳи майи соли 2015 аз деҳаи Сурхдараи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев духтараке ба ман занг зада, хабар дод, ки акааш модари нобинояшро латукӯб дорад, вале ҳатто ҳамсояҳо ба кумак наомада истодаанд. Ман дарҳол ба ШВКД-и ноҳияи Файзобод муроҷиат карда, воқеаро фаҳмонидам. Кормандони шуъба ваъда доданд, ки ба ҷойи ҳодиса мераванд. Сипас, соати 9-и саҳар ҳамроҳи ҳимоячӣ Ҳ. Саидов, ронанда Р. Шарифов ва раиси маҳаллаи деҳаи Сурхдара ба он хона рафтем ва дидем, ки воқеан ҳам нобинои гурӯҳи якум Шарофат Мирзоева бо дастони харошидаву хуншор гиряву нола дорад. Он рӯз то соати 1500 ягон корманди ҳифзи ҳуқуқ наомад. Ман ба раиси ноҳия низ занг задам, вале касе ҳозир нашуд. Маҷбур бо телефони «Боварӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ (221-21-21) тамос гирифта, вазъиятро фаҳмонидам. Баъди 20 дақиқа кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия омада, фарзанди нохалафро, ки ба сари модари нобинояш даст бардошта буд, дастгир намуда, ба ШВКД бурданд.
Албатта, ин ҳақталошиҳои ман на барои ҳама хушоянд буд. 17 декабри соли 2015, тахминан соатҳои 0630 дақиқа, аз садои доду фарёди зиёд бедор шудам. Маълум шуд, ки бо роҳбарии раиси маҳаллаи Хами Себ Маннон Носиров зиёда аз 150 нафар, аз ҷумла С. Хайруллоев, Н. Гулов, У. Саймуродов, Н. Холиқов, Қ. Саидов, Ҳ. Холов, А. Собиров ва сокинони се деҳаи ҳамсоя дар масҷид ҷамъ омада, нақшаи бадарға кардани хонаводаи маро кашидаанд. Аксари онҳо бо белу каланд, шохаву таёқ ва ашёи оҳанӣ «мусаллаҳ» шуда, мехостанд бо зӯрӣ моро кӯчонанд.
Як рӯз пеш аз ин ҳодиса М. Носиров ба Ҳусниддин ном ронандаи мошини тамғаи «КамАЗ» телефон карда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки «саҳар кӯчи як шахси камбизоатро бурдан лозим аст». Ронанда, ки ба сухани раиси маҳалла бовар карда будааст, бо дидани издиҳоми мардум дар назди хонаи мо иғво будани ҳодисаро дарк намуда, ба қафо баргаштааст.
Гирдиҳамомадагон бо сардории М. Носиров бо садои баланд мегуфтанд, ки «агар бо хоҳиши худат кӯчида наравӣ, хонаатро оташ мезанем». Ман чунин ҳолати даҳшатоварро дида, дар андешаи фарзандону наберагон афтодам ва фишори хунам баланд шуда, аз ҳуш рафтам. Аҳли хонавода барои кумак мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд, вале ошӯбгарон духтур Фатҳулло Афғоновро нагузоштанд, ки ба ман кумаки тиббӣ расонад.
Раиси ноҳияи Файзобод, прокурор, сардори ШВКД, кормандони шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Суди ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» ва дигарон аз ҳодиса бохабар шуда, ба хонаи мо омаданд. Бо дахолати шахсии прокурори ноҳияи Файзобод Сафо Азиззода пеши роҳи гирдиҳамомадагон гирифта шуд. Прокурор ба М. Носиров фармуд, ки ҷамъомадагонро аз назди хонаи ман дур кунад.
Дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ фарзандони Сафар Табаров – муаллими муассисаи таълимии деҳа: Ҳасан, Зафар, Баҳодур, Фирӯз, Хурсанд ва Бахтиёр, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Амаки Маннон Носиров Маҳмадулло Муллоев, ки директори мактаб аст, ҳамон рӯз хонандагони синфҳои болоиро маҷбур кардааст, ки ба хонаи мо омада, барои маҷбуран кӯчонидани оилаамон «ёрӣ» расонанд.
Оид ба шарикии директор ва муаллими мактаби деҳа ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муроҷиат намудам, вале 25 феврали соли 2016 ҷавоб гирифтам, ки аризаи ман асоси воқеӣ надорад.
Дар хусуси таҳдиди бадарғакунии раиси маҳалла ва хешовандони ӯ дар рӯзномаи «Фараж» мақолаеро зери унвони «Зӯрҳо»-и Файзобод» (16 ноябри соли 2016) ба табъ расонидам. Ягона сохтори давлатие, ки ба ин мақола сари вақт вокуниш нишон дод, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар мактубе, ки бо имзои муовини якуми раиси кумита, генерал-майор М. Умаров аз 6 декабри соли 2016 ба дастам расид, иттилоъ дода мешуд, ки ба Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ҷамъоварда ва баёноти шаҳрвандони дар гирдиҳамоӣ иштироккарда ирсол шудааст. Аз ин миён се моҳ гузашт, вале то ба ҳол нисбат ба саркардагони ин гирдиҳамоӣ чорае андешида нашудааст. Боз чанд моҳи дигар интизор шудан лозим меояд? Агар ҳар як раиси маҳалла ҳукми бадарға кардани ҳамдеҳаи ҳақиқатталошашро мебароварда бошад, пас мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ зарурат дорад?
Исфандиёр САФАРОВ,
сокини деҳаи Хами Себи ноҳияи Файзобод