Чанде пеш дар ноҳияи Ҷиргатол таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт Қодири Қосим чаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.
Қодири Қосим қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аъзои тозаинтихоби Шӯрои машваратиро муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар орзу намуд. Дар ҷаласа гузориши котиби Шӯрои машваратӣ – Зафар Ҳисориев оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар водии Рашт шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Бобати муҳайё намудани шароит ҷиҳати бунёди инфрасохтори туристӣ дар водӣ якчанд барномаҳо амалӣ гардида, баҳри тарғибу муаррифии онҳо намоишҳо ва форуму чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Вобаста ба масъалаи дуюм аъзои Шӯрои машваратӣ Сайдалӣ Саидраҳмонов ва Юлдош Латифов маърӯза карданд.
Онҳо дар маърӯзаҳояшон натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар водии Раштро муаррифӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар водии Рашт барои рушди ин соҳаҳо тамоми шароиту имконот фароҳам буда, қабули як силсила қарору барномаҳои давлатӣ барои рушди кишоварзӣ такон бахшид. Дар минтақа барои ба даст овардани ҳосили фаровону баландсифати меваю сабзавот ва асали хуштаъм, таъмини аҳолӣ бо ин маҳсулот ва содироти онҳо имкониятҳо мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, соҳаи мазкур ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Барои рафъи мушкилот ва ҳалли онҳо нақшаи чорабиниҳо ва маҷмӯи тадбирҳо таҳия ва пешниҳод гардид.
Роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум бобати гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳои ба бахши кишоварзӣ рабтдошта дар водии Рашт ибрози назар кард.
Директори генералии Маркази технологияи муосири шаҳри Панҷакент Меъроҷиддин Худойбердиев дар бораи фаъолияти марказҳои техникию технологияи ба инноватсия нигаронидашуда ва нақши онҳо дар рушди истеҳсолоти миллӣ фикру мулоҳизоти хешро баён намуд. Зикр шуд, ки марказҳои мазкур барои фаъолияти босамар ва рушди соҳибкорӣ, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорон ва бештар гардидани корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ замина фароҳам меоранд.
Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ҳамраисони Шӯро аз ноҳияи Ҷиргатол — Умедхоҷаи Зоир, ноҳияи Рашт — Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, ноҳияи Нуробод — Ҳасан Дӯстзода, ноҳияи Тоҷикобод — Ҳусейн Ализода ва ноҳияи Тавилдара — Ҳимматшои Ғайрат таклифҳои ҷолибу муфид иброз намуданд.
Директори ҶДММ «Орзу» Диловар Орзуев рушди савдои наздисарҳадиро миёни ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.
Д. МИРЗО, «Садои мардум»