Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоса дастгирии пиронсолон, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳифзи иҷтимоии пиронсолон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд.
Бо ташаббус ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан пиронсолон, низоми миллии қонунгузории мамлакат ташаккул дода, ҳуқуқ, кафолат ва имтиёзҳо барои пиронсолон вобаста ба табобату тавонбахшӣ, солимгардонӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, меҳнат, манзил, таъмини нафақаю кумакпулиҳои иҷтимоӣ муқаррар гардидаанд. Тавре 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, солҳои 1991 то 2023 фавти одамон дар кишвар ду баробар коҳиш ёфта, дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст, ки ин нишондиҳандаҳо, бешак, далели возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, хусусан пиронсолон, мебошанд. Тозатарин далели ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон аз 1-уми июли соли 2024-ум 30 фоиз зиёд кардани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, иловапулӣ ба онҳост. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҳадафи олии сиёсати Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат мебошад».
Аммо бо вуҷуди ин, дар ҳаёти пиронсолон мушкилоте ба назар мерасад, ки бартараф намуданашон боиси боз ҳам беҳтар гардидани ҳаёти онҳо мегардад.
Аксари онҳое, ки рӯзҳои бебориши баҳору зимистон дар ҳавлии Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М.Қосимов («Аҳорун») ҷамъ меоянд, пиронсоланд. Гурӯҳе ба шашкаву шоҳмотбозӣ машғул мешаванду бархе масоили гуногуни рӯзгорашонро баррасӣ менамоянд. Замоне бародарон ё падару бобои ин пиронсолон дар чойхона ва ошхонаи даруни боғи шафати театр, ки имрӯз ҷои онҳо тарабхонаи машҳур ва зебою пурнақшу нигори «Яккачинор» бунёд ёфтааст, ҷамъ омада, сари як пиёла чой бо ҳам суҳбат мекарданд, тавассути баландгӯяки радио аз хабарҳои кишвар ва ҷаҳон огоҳ мешуданд, шашкаю шоҳмотбозӣ мекарданд. Чанд кати чойхона ва мизу курсиҳои ошхона танҳо барои пиронсолон хизмат мекард. Қариб ҳамеша барои шунидани суҳбати пирони рӯзгордида ҷавонони зиёд дар атрофи онҳо ҷамъ меомаданд…
Боғ зеботар гашт, тарабхонаи «Яккачинор» чанд маротиба таъмиру таҷдид гардид, вале пиронсолон аз ҷои худ маҳрум гаштанд.
Имрӯз додарону фарзандони он пирони хуштолеъ аз чунин ҷойҳо ва шароит маҳруманду аз ноилоҷӣ болои курсиҳои назди театр, гоҳо ҳатто зери борону барф, вақт мегузаронанд.
Ф. Усмонзода, собиқ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ин мавзеъ дар ҳудуди он ҷойгир аст, дар нишасти матбуотие оид ба ин мавзуъ чунин гуфта буд: «Дуруст аст, ки мо барои пиронсолон чунин ҷой надорем. Барои ман ҳам ин масъала нигаронкунанда аст, зеро дер ё зуд ҳама ба синни пирӣ мерасем. Барои мо низ ҷойи нишасту дамгирӣ зарур хоҳад шуд… Ҳатман дар ин бора фикр бояд кард». Меандешем, ки имрӯз ӯ ба сафи чунин пиронсолон пайваста бошад…
Соли 2019 рӯзномаи «Садои мардум» дар мавзуи «Чаро барои мӯйсафедон чойхонаҳо заруранд?» (№7 (3957) мақола нашр намуда буд, дар он, аз ҷумла, омадааст: «Имрӯз қариб ҳамаи боғҳои мавҷудаи пойтахт — ба номи А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, С.Айнӣ, боғҳои «Ирам», «Ғалаба» ва ғайра таҷдид гардида, яке аз дигаре зеботар шудааст. Барои тифлакон, наврасону ҷавонон ва миёнсолон ҳам дар боғҳо ҳама шароит муҳайё аст, вале мӯйсафедон на дар ҳама ҷо барои худ ҷои мувофиқ пайдо менамоянд». Бинобар ин, муаллиф пешниҳод намуда буд: «Минбаъд ҳангоми бунёд ё таҷдиди боғҳо масъалаи истироҳату фароғати мӯйсафедон низ ба назар гирифта шавад ва барои он ки соҳибкорон ба бунёд намудани чойхонаҳо таваҷҷуҳ ва дилгармӣ пайдо кунанд, ба онҳо имтиёз ва сабукӣ пешбинӣ гардад». Мутаассифона, дар ин самт то имрӯз кори назаррасе анҷом ёфт.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир шумораи чойхонаҳои гуногун хеле афзуда, дар ҳар гӯшаи пойтахт бо навиштаҷоти «Сайёҳ», «Ҷаҳон-ака», «Тоқӣ», «Шоҳина», «Вохӯрӣ», «Мино», «Авиатор» ва ғайра чойхонаҳоро метавон дучор омад. Ин чойхонаҳо зебову оростаанд, вале анво ва нархи ғизо дар онҳо аз тарабхонаҳо кам нест. Ба ин хотир, барои аксар пиронсолон дастнорасанд. Илова бар ин, барои истироҳати онҳо мувофиқ нестанд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»