3-январи соли 2025 дар Кувайт вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар баргузор гардид.
Завқӣ Завқизода ба роҳбарияти фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори мамлакат изҳори сипос намуда, махсусан барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, миннатдорӣ баён намуд.
Дар вохӯри, инчунин, иброз гардид, ки то имрӯз Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намудааст.
Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб изҳори омодагӣ кард, ки ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат маблағгузорӣ менамояд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
« Садои мардум»