12 — 13 майи соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз тариқи рӯ ба рӯ ва дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Зимни он аъзои Комиссияи муштарак масъалаҳои мубрами марбут ба ҳолат ва омодагӣ ба хатсайрҳои тасдиқшудаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ, истифодаи бланкаҳои иҷозат барои ҳамлу нақл ва соатҳои кории гузаргоҳҳоро дар доираи чораҳои андешидаи давлатҳо баррасӣ намуда, ҳамчунин, ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус, масъалаи содагардонии расмиёт ва коркарди раводид барои ронандагон, аз ҷумла электрониро, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Ҷумҳурии Беларус ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи муштарак ҳамчун механизми асосии ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи амалии Созишнома байни ҳукумати кишварҳои аъзои СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баромад мекунад.
Фароҳамсоз Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»