Баррасии Консепсияи ташкили технопаркҳои СҲШ

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

Чанде пеш ҷаласаи дуюми коршиносони ҳайати кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба баррасии лоиҳаи Консепсияи ташкили технопаркҳои СҲШ таҳти раёсати Қазоқистон хотима ёфт.

Дар он коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ лоиҳаи консепсия, инчунин, пешниҳодҳои аз ҷониби тарафҳо ба он воридшударо баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатиро барои мувофиқа намудани лоиҳаи Консепсияи ташкили технопаркҳои СҲШ моҳи майи соли равон баргузор намоянд.

Лоиҳаи Консепсияи ташкили технопаркҳои СҲШ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳангоми мулоқоти сарони кишварҳои аъзои СҲШ, ки моҳи июни соли 2019 дар шаҳри Бишкек доир гардид, ин ташаббусро ба миён гузошт.

Фароҳамсоз Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»