Дар меҳмонхонаи «Кангурт» — и шаҳри Душанбе оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон семинар доир гардид.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар семинари мазкур изҳор намуд, ки сохтмони метро дар пойтахти кишвар талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Инчунин, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он бастагӣ дорад.
Вазири нақлиёт дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар ин самт бо ҷониби Корея ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшида ва дар доираи имкониятҳои ҳар ду кишвар татбиқи ин лоиҳаро марҳила ба марҳила амалӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»