Дар машварати кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳои рафти иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, ки феълан дар ВМКБ 44 хатсайри автомобилӣ мавҷуд буда, бахусус, дар хатсайрҳои шаҳрии маркази маъмурии вилоят 230 микроавтобус, 215 таксӣ ва панҷ автобус ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Бо ин мақсад соли равон дар вилоят бунёди беш аз 22 га боғҳои нав ва барқароркунии зиёда аз 40 гектар боғҳои куҳна ба нақша гирифта шудааст.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»