30-юми майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Онлайн-экстремизм дар фазои маҷозии Тоҷикистон» доир гардид.
Корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Раҳматзода, гуфт, ки чорабинии мазкур дар замоне баргузор мешавад, ки масъалаи терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон нигаронкунанда аст. Талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили экстремизм муборизаи беамон бурда, ба он назар аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ, новобаста аз ҳадафҳояшон, ҳаргиз қобили қабул нест.
- Аз ин рӯ, муассиртарин роҳи мубориза бо экстремизм, аз ҷумла, онлайн-экстремизм, фаъолияти муштараки давлат ва миллатҳо бо табодули ҳадафмандонаи таҷрибаи миёни онҳост, — зикр кард Ҷамшед Раҳматзода.
Мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабзода дар мавзӯи «Ҷавонон чун объекти онлайн-экстремизм: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳарф зада, минҷумла зикр кард, ки барои пешгирии шомилшавии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ бо ҷавонон, таъсис додани мактабҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки ба мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, пешниҳоди имтиёзҳо ба ҷавононе, ки нав ба кор қабул мегарданд, зиёд намудани марказҳои фарҳангӣ ва марказҳои ҷавонон, мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода дар мавзӯи «Тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн-экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Баҳриддинзода дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм дар фазои интернет», хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Мавҷуда Анварӣ дар мавзӯи «Муборизаи иттилоотӣ бо онлайн-экстремизм дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот» ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ойниёл Назриева оид ба «Шабакаҳои иҷтимоӣ чун омили паҳншавии ақидаҳои ифротӣ» мулоҳизаронӣ намуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»