Чордаҳуми декабри соли равон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва «Барномаи дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет» дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии худидоракунии маҳаллӣ» семинар баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, намояндагони вазоратҳои молияву адлия, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода мақсад аз баргузории ҷамъомадро дида баромадани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии маҳаллӣ, фароҳам овардани шароит барои худидоракунии маҳаллии самаранок, ки соҳиби захираҳо ва молияи мустақил аст, табодули таҷрибаи кори ҷамоатҳо дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта бо ҷалби шаҳрвандон, баррасии масъалаҳои калидӣ ва монеаҳои ҷиддӣ дар такмил додани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ арзёбӣ кард. Сипас, дар робита ба мавзӯъ роҳбари «Барномаи дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет» Рафкат Ҳасанов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдулғаффор Раҳмонзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор андешаронӣ намуданд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»