Башорат

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

БАРОИ МАВОДИ БАШОРАТ (1)Ривоҷиддин Тоҷиддинов 

Лаҳзае, ки вориди дафтари кори онҳо гардидам, он қадар саргарми кор ва баҳсу талош буданд, ки даромаданамро пайхас накарданд.

- Қоил кардед, пирҳои кор, — сумкаамро болои миз гузошта, садо баланд кардам ман. -Дигар хонаву дар, набераву фарзанду кампирҳои интизорро фаромӯш кардаед.

Ҳар ду аз ҷо баланд мешаванд ва бо чеҳраи хандону табъи болида барои вохӯрӣ даст дароз мекунанд.

- Шумо ҳайрон нашавед, дӯсти азиз, — табассуми ширин дар лаб мегӯяд Аъзамҷон Ҳасанов. – Ба қавли рафиқони рус, чанд рӯз боз эҳсос мекунем, ки «второе дыхание» кушода шудааст. Ба пайкарамон неруи ҷавонӣ бозгаштааст.

- Ҳамааш ба шарофати иҷлосияи таърихӣ, — сухани ӯро тақвият медиҳад Ривоҷиддин Тоҷиддинов. — Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни биступанҷсолагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар ҳақиқат қувваву дармони зиёдро эҳсос мекунем.

- Баъзеҳо бо киноя мегӯянд, ки чанд сол шуд ба нафақа баромадед, акнун раведу давлати пирӣ ронед, аммо аз кор дил канда наметавонем. Хоса дар ин даврони созандагию ободкорӣ кас мехоҳад, ки дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошад, — риштаи суханро ба даст гирифта, — мегӯяд акаи Аъзамҷон.

- Мо, ки фаъолиятро аз кори таълиму тарбияи насли наврас оғоз намудем, охири корро низ дар ҳамин ҷода ҷамъбаст карданием.

Баъди пурсупос ба ҷои нишондодаи онҳо менишинам.

БАРОИ МАВОДИ БАШОРАТ (2)Аъзамҷон Ҳасанов

Ба ин ду марди шариф эътиқоду эътимоди қавӣ дорам. Яке дар деҳаи Ҳалқарфу дигаре дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ба дунё омадаанд. Соли 1968 факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, солиёни дароз дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардаанд. Аъзамҷон Ҳасанов корманди ҳизбӣ буд ва замоне ки кишвар соҳибистиқлол гардид, дар вазифаи муовини раиси ноҳия чанд сол ба мардум хизмат кард. Ривоҷиддин Тоҷиддинов дар мақомоти худидораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кор кардааст. Бо заҳмати кашида ва хизматҳои содиқона миёни сокинони ноҳия соҳиби обрӯ ва иззат мебошанд.

- Шунидам, ки ба пешвози ҷашни биступанҷумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ нияти гузаронидани чорабинӣ доред, хостам дар он ширкат варзам, — баъди нафас рост кардан гуфтам ман.

- Ҳамин хел ташаббус гирифтаем, — мегӯяд Ривоҷиддин Тоҷиддинов. — Зеро он дар таърихи давлатсозӣ ва наҷоти миллат мақоми муҳимро ишғол мекунад.

- Мо ҳам ният дорем, ки аз он рӯзҳо хотираҳоро аз ёди шоҳидон рӯйи коғаз биёрем, то насли имрӯз хубтар дарк кунад, ки иҷлосияи таърихӣ чӣ қадар муқаддас аст, — ба сари мақсад меоям ман.

Як зум фазои ҳуҷраро сукут ба асорат мегирад. Ду нафар ба нуқтаҳои номаълум нигаҳ медӯзанд ва ман кунҷковона рафтори онҳоро мушоҳида мекунам. Пай мебарам, ки ба ёд овардани он рӯзҳои пур аз дарду доғ барояшон осон нест.

- Чеҳраи акаи Аъзамҷон ранг мегардонад ва сукут меварзад. Ман ӯро халалдор намекунам. Билохира, лаб ба гуфтор мекушояд ва овози пур аз дарду ғамангезаш дарёвор ба гӯшҳоям мерезад.

- Рӯзҳои сиёҳ буданд, додарам. Худат низ шоҳид будӣ. Мардуми диёрро як рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта буд. Дигар касе ба оянда бовар надошт. Бовар надошт, ки марде мерасаду пеши роҳи худсӯзии миллатро мегирад. Дигар умед надоштанд, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар харитаи олам мемонад. Бовар кун, додар, баъди як сафар ба шаҳри Душанбе ман ҳам бо он ҳама таҷрибаи дошта дигар умедамро кандам. Аз шаҳраки Ғарм то Душанбе шумораи зиёди дидбонгоҳҳо буд. Бо сад азоб то пойтахт рафтем. Ҳукумати марказӣ дар шаҳри Душанбе коре карда наметавонист. Гурӯҳҳои силоҳдор ҳар замон дахолат мекарданд.

- Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандиро дар деҳот эҳсос мекардем, — сухани ӯро мебурад акаи Ривоҷиддин. — Директори мактаб будам. Мактаби таҳсилоти миёнаи №29- и деҳаи Бедак яке аз мактабҳои номдори ноҳия буд. Баъди чанд амалиёти ҷангӣ бинои зебои он ба харобазор табдил ёфт. Хонандагон бо тарсу ҳарос ба дарс меомаданд. Рӯзҳое буд, ки на танҳо хонандагон, балки омӯзгорон ҳам ҷуръати ба мактаб омаданро надоштанд.

- Овоза шуд, ки иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, — суханашро идома медиҳад акаи Аъзамҷон. — Онро баъди ба воситаи телевизион пахш гардидан бовар кардем. Аммо аксари мардум гирифтори яъсу ноумедӣ буданд. Баъди интизориҳо иҷлосия дар Қасри Арбоб оғоз ёфт.

Ман аз он як фоли нек гирифтам. Солҳои дар кумитаи ҳизбии ноҳия кор кардан чанд маротиба ба шаҳри Хуҷанд рафта, Қасри Арбобро дида будам ва дар бораи шодравон Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев низ бисёр шунида будам. Дар як гӯшаи дилам умед пайдо шуд, ки дар он қасри овозадор баргузор гардидани иҷлосия тасодуф нест.

Рӯзи оғози иҷлосия гурӯҳ — гурӯҳ гирди ҳам омада, чашм аз оинаи нилгун намекандем. Намояндагони мардум Одил Бердиев ва Атолхоҷа Ятимов дар қатори дигар депутатҳо ба шаҳри Хуҷанд рафта буданд.

Акаи Аъзамҷон аз нав сукут меварзад. Шояд мурғи хаёл ӯро дунболи хеш кашола менамояду ҳузури моро фаромӯш мекунад.

- Ман ҷараёни иҷлосияро хуб ёд дорам, — сукути ба миёномадаро халалдор мекунад акаи Ривоҷиддин. — 19 ноябр, яъне рӯзи сеюми иҷлосия ҳамеша пеши рӯ ҷилвагар мегардад. Ин ҳамон лаҳзаи таърихист, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз минбари баланд ҷасурона гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меоварам». Сухани ӯ намедонам аз чӣ сабаб буд, ки ҳамон лаҳза чароғи хирагаштаи қалбҳоро равшан кард ва мардумро аз чанги ноумедӣ берун кашид.

Пештар баромадҳои депутат Эмомалӣ Раҳмонро аз тариқи телевизион тамошо карда будам. Ҳамеша ба манфиати мардуми одӣ масъалагузорӣ мекард.

- Ҳо, хуб дар ёдам ҳаст, — садо баланд мекунад акаи Аъзамҷон. — Дар рафти як ҷаласа оид ба масъалаи дастгирии кишоварзон хеле хуб масъалагузорӣ карда буд. Кӯтаҳи гап, суханрониаш дар иҷлосия ба дилҳои шикастаи мардум зӯру боварӣ дод, тухми умедро кишт.

Ин воқеа баъдтар буд. Бо амри роҳбарон як гурӯҳи калон аз сокинони Раштонзамин намоянда шудему ба Қӯрғонтеппа рафтем. Дар он рӯзҳо диққати маро як чиз ҷалб кард. Бо мақсади барқарор намудани дӯстии пештара байни тоҷикон як нафар ҳабаш, ки аз Созмони Милали Муттаҳид намояндагӣ мекард, миёнарав буд. Ростӣ гап, инро дидаму дигар тобу тавонам намонд. Дар танҳоӣ ашк рехтам. Барои миллати соҳибтамаддун дилам сӯхт. Ба душманони миллат ва хоинон, ки моро ба он рӯз расонданд, нафрин мехондам. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа бо мардум вохӯрӣ гузаронидем. Онҳо моро мисли солҳои пеш бо чеҳраи кушоду оғӯши боз пешвоз мегирифтанд. Ва дар суханрониҳоям пайваста иброз медоштам, ки «Мо насли калонсол аз нодонӣ ва содагӣ хатои азим кардем. Бадбахтиро болои кишвар овардем ва онро бояд ислоҳ кунем, ба зиммаи насли оянда нагузорем». Ин сухани маро мардум тарафдорӣ мекарданд.

Як зум ҳама чизро фаромӯш мекунам. Ҳикояҳои пур аз аламу дарди мардони рӯзгордида маро ба олами дигар раҳнамоӣ мекунанд. Дур меравам аз ҳузури ҳамсуҳбатон. Пеши рӯям хонаҳои оташгирифта, мардуми фирорӣ ҷилвагар мегардад. Фарёду фиғони занону тифлони ба даҳшатафтода гӯшҳоямро кар мекунад.

- 24 — уми ноябр лаҳзае, ки Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ зону зад, аз як гӯшааш бӯсиду ашк рехт, мо низ ҳамроҳи ӯ ашк рехтем, — мешунавам овози пурдарди акаи Ривоҷиддинро. — Барои ранҷи кашидаи миллат, барои беқадрии фарзандони миллат, барои шаҳидони гулгункафан, барои беқадрии тоҷу тахти тоҷикон, барои шаҳру деҳаҳои сӯхта, барои хазинаҳои холиву қасрҳои тори анкабутпечида мегиристем. Ва он лаҳза дар ангора гӯё аз ғайб шунидем: «Марде, ки наҷоти кишвар, саодати миллат ва нанги ватандориро ба зимма дорад, расид». Ин башорати Худованд буд. Башорате буд, ки навид аз бунёди як давлати озоду обод, як миллати соҳиби ояндаи пурсаодат медод ва шукронаи Парвардигорро ба ҷо меовардем…

- Чаро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар зуд поён ёфт? — нигоҳашро ба сурати Пешвои миллат, ки дар девор насб шудааст ва бо чеҳраи орому лаби моили табассум менигарад, дӯхта, мегӯяд акаи Аъзамҷон. — Инро бароям касе нагуфтааст. Таҳлили шахсии ман аст. Се омили асосиро мебинам. Якум, бояд донем, ки байни гурӯҳҳои даргир даъвои моликият набуд. Барои обу замин ё ба хотири ба даст овардани сарвату боигарӣ намеҷангиданд. Охир ин обу хок, ин Ватан моликияти ҳар ду тараф буд. Дуюм ақлу заковати зотӣ, ки аз ниёгон мерос монда буд. Сеюм, ба сари қудрат омадани ҷавонмарде, ки ҳастиашро фидои наҷоти миллату меҳан кард.

Як нуктаро набояд фаромӯш кард. Мо истиқлолиятро ба даст оварда будем, аммо решаҳои он ҳанӯз парвариш надида, болои хок буданд. Тарси он буд, ки ҳар соат боди сарсар ба он мерасад ниҳолаке, ки ҳазорҳо сол ниёгон нияти шинондан доштанд, хушк мегардад ва дубора ормон дар дилҳои мемонад.

Буданд нафароне, ки ­дастовардҳои Пешвои муаззамро нодида мегирифтанд. Мехостанд ба ҳар восита ба пояҳои сулҳ табар зананду дубора оташи ҷангро барангезанд. Хушбахтона, ақли солим ғолиб омад. Мардум ҷонибдори сиёсати созандаву инсонпарваронаи Пешвои миллат буданд.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Бо дастури Вазорати фарҳанг байни театрҳои халқии ҷумҳурӣ озмун ташкил шуд. Театри халқии ноҳия намоишномаеро таҳия кард. Агар хато накунам «Тӯй дар Камаров» ном дошт. Вазири фарҳанг Бобохон Маҳмадов, ҷавонмарди асилу миллатдӯст ба ин васила мехост барои ба ҳам омадани мардуми кишвар ба воситаи ҳунармандон таъсир расонад. Хулоса, дар Театри Лоҳутӣ намоишномаро мухлисону ҳакамон тамошо карданд. Баъд чанд нафар ба минбар баромада, ба танқиди намоишнома ва беҳунарии ҳунармандон шурӯъ карданд. Мухлисон ранҷида, иҷозати сухан мегирифтанду дар муқобили мунаққидон ҳарф мезаданд. Аммо суханронии ҳунарманди маъруфи тоҷик Мирзоватан Миров ҳамаро ба ҷои худ шинонд. Ӯ хеле бомулоҳиза ҳарф зад. Гуфт, ки дар шароити имрӯза ғармиҳо барои гирифтани ҷой ва хол дар озмун роҳи дурудароз ва мушкилро тай карда наомадаанд, балки омадаанд, ки ҷонибдории худро аз роҳбарияти давлат иброз доранд. Омадаанд, ки дасти дӯстӣ ва бародарӣ дароз кунанд ва дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, Тоҷикистони азизро обод кунем.

Имрӯз дигаргуниҳоро мебинаму қабат-қабат гӯшт мегирам. Ба кадом гӯшаи Тоҷикистон наравем, гумон мекунем, ки дар зодгоҳи хеш, дар ҳалқаи наздикону азизон ҳастем. Ҳамаи ин бахту саодат самараи сари вақт баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

- Ба андешаи ман, Қасри Арбоб барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд азиз бошад ва зиёрати он, ки маҳз башорати хушбахтии миллат ба олам аз он ҷо пароканда шуд, қарз аст, — аз сукути акаи Аъзамҷон истифода бурда, мегӯяд акаи Ривоҷиддин. — Тобистон зиёрати ин кохи бузурги миллатро кардам. Ҳуҷраҳои онро давр задам ва дар толоре, ки иҷлосияи таърихӣ баргузор шудааст, ба як курсӣ нишастаму бисту панҷ соли сипаригардидаро пеши рӯ овардам. Симои пурнури Пешвои миллат пеши назарам омад ва ин байтҳоро бо садои баланд қироат кардам:

Бар дори ҷаҳон чун ту ҷаҳондор кам ояд,

Бар рӯи замин чун ту замондор кам ояд.

К-имрӯз дар андешаи ояндаи миллат,

Монанди ту ҷонбозу фидокор кам ояд.

 Ва дар гӯшам овози ширину ширадори Пешвои миллат дарёвор мерехт:

«Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин ниятҳои муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти халқи азияткашидаам боварӣ дорам…».

Суҳбати ду марди оқилу доно, ватандӯсту фидоӣ маро он қадар мафтун кард, ки намедонам баъди анҷоми суҳбат чӣ қадар вақт дар диёри хотираҳо сарсону саргардон мондам.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»