Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд

№99 (4839) 14.08.2024

WhatsApp Image 2024-08-14 at 08.36.52Деҳқонони хоҷагии «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор, ки ба он марди кордону ташаб­бускор Орифҷон Абдулҳакимов роҳбарӣ мекунад, дар ҳама самт пешсафанд.

- Имсол табиат ба мо чандон ғамхор набуд, — гуфт ҳангоми суҳбат сарагрономи хоҷагӣ Ҳоким Ёров, — моҳҳои апрелу майи соли равон боронгариҳои зиёд кори деҳқононро хеле душвор гардонд. Ба ин нигоҳ накарда, дар 62 гектар такроран кишти чигити навъи «Султон» гузарондем, ки ҳоло хуб нашъунамо дорад. Дар ҳама қитъаҳо нармкунии бехи ниҳолҳоро анҷом дода, озуқадиҳиро низ ба охир расонидем. Пеш аз кишти чигит барои пурқувват намудани замин ба ҳар гектар аз 180 то 200 килограмм суперфосфат пошидем.

Захираи доруҳои минералӣ басанда аст. Нашъунамои ниҳолҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Зиёда аз 40 аъзои хоҷагӣ ва беш аз 110 коргари мавсимӣ дар панҷ бригада талош доранд, ки аз ҳама намуди зироат ҳосили фаровон рӯёнанд.

Хоҷагӣ дорои 237 гектар замини обӣ буда, ғайр аз пахта дар 44 гектар гандум, 42 гектар ҷавдор, 26 гектар ҷуворӣ, 8 гектар картошка, 31 гектар сабзавот (аз ҷумла пиёз, сирпиёз, лаблабуи ошӣ, помидор, бодиринг, сабзӣ, гулкарам) ва як гектар тарбуз кишт карда, ҳосили хуб рӯёниданд. Ҳосилнокии пиёз 400 сентнер, сирпиёз 100 сентнер, помидору бодиринг 300 сентнер, картошка 60 сентнер, ғалла 46,3 сентнер ва ҷавдор 30 сентнерро ташкил намуд.

Хоҷагидорон дар қитъаҳои аз ҳосили якум холишуда кишти такрориро оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар 14,5 гектар кишти ҷуворимакка барои силос, 4 гектар ҷуворӣ барои дон, як гектар тарбуз, як гектар карам, як гектар лаблабуи ошӣ, 2,5 гектар шолӣ ва 0,5 гектар бодиринг доданд.

- Имсол нақшаамон зиёд аст, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд раиси хоҷагӣ Орифҷон Абдулҳакимов. — Азм дорем, ки аз ҳама намуди зироат ҳосили хуб ба даст орем. Барои ба мақсад расидан ҳама имконият ҳаст. Бо олимони соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ дорем ва пеш аз оғози кишти сабзавот ва дигар намуди донагиҳо маслиҳатҳои муфид мегирем. Нақшаи имсолаи пахтасупориро, ки 190 тонна аст, ният дорем дар даҳаи аввали моҳи октябр иҷро намоем. Бо ин мақсад кор дар хоҷагӣ идома дорад. Маоши ҳармоҳаи деҳқонон сари вақт пардохт шуда, онҳо бо дили гарм ба меҳнати аҳлона машғуланд, — илова кард номбурда.

Ҳар кас, агар аз сидқи дил меҳнат кунад, ба мақсад мерасад. Азму талоши аҳли хоҷагии «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор гувоҳи он аст, ки онҳо имсол низ ба муваффақияти бештар ноил мегарданд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»