Дар толори Кохи ба номи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати меҳнаткашони вилоят дар соли 2015 барпо гардид. Ҷамъомадагон, пеш аз ҳама, аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро қабул ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намудааст.
Тавре, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҳангоми суханронӣ зикр намуд, воқеан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақоми баланд арзанда аст. Хизматҳои бузурге, ки барои пешрафти Ватан, сарҷамъии мардум, сулҳу субот аз ҷониби ин шахсияти бузург ба ҷой оварда шудаанд, ӯро дар байни оммаи мардум маҳбубу азизу соҳибэҳтиром гардониданд.
Заҳматкашони ноҳияи Бохтар барои комёбиҳои бузургашон сазовори ҷойи аввал, ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ – 20 ҳазор сомонӣ гардиданд. Заҳматкашони ноҳияи баландкӯҳи Шӯрообод бошанд, сазовори ҷойи дуюм, ифтихорномаи раиси вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Ҷойи сеюм ба меҳнаткашони шаҳри Сарбанду ноҳияи Вахш муносиб дониста шуд. Онҳо низ бо ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ — 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои ғолиб раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ супурд. Ҳамчунин ӯ ба 75 нафар беҳтарин кишоварзони вилоят, собиқадорони меҳнат ва рӯзноманигороне, ки дар инъикоси заҳмати деҳқонон саҳм гузоштаанд, мукофотҳои пулию молӣ ва сипосномаҳои раиси вилоятро тақдим намуд.
Дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин ва ба номи Носири Хусрав низ эълон гардиданд. Ин дафъа барои хизматҳои шоён, дастовардҳои эҷодӣ ва ташвиқу тарғиби адабиёт адибони хушкалом Зариф Ибод ва Амиршоҳи Хатлонӣ барандагони ин ҷоизаҳо эълон шуда, ҳар кадом бо мукофоти пулӣ — 5 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом қадрдонӣ шуданд. Дар фарҷом хотири ҷамъомадагонро санъаткорони вилоят бо суруду таронаҳои навэҷодашон хуш гардониданд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»