Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод таъмиру навсозии беморхонаи марказии ноҳия бомаром ҷараён дорад.
Сардори қитъаи сохтмонии ҶДММ «Строй Сентр» Ғуломалӣ Боев зимни суҳбат зикр намуд, ки таъмиру навсозии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод иборат аз даҳ шуъба бо ғунҷоиши 216 кат ва сохтмони бинои маркази ташхису табобат иборат аз шаш шуъба бо ғунҷоиши 28 кат, дар масоҳати 9609 метри мураббаъ амалӣ мегардад. Айни ҳол сохтмони маркази ташхису табобат, ки аз се ошёна иборат аст, ба анҷом расида, сохтмончиён болопӯшии онро ба охир мерасонанд. Сохтмону навсозӣ, таъмири пурраи беморхона ва дигар иншооти назди он бо ҷалби мутахассисону сохтмончиён амалӣ мешавад. Тибқи нақша, сохтмону навсозии беморхонаи марказӣ, шуъбаи таваллуд, бинои ташхису табобат ва дигар шуъбаҳои он соли оянда ба анҷом расида, бо беҳтарин шароит ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин мегардад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Суҳроб Ҷобиров афзуд, ки беморхона соли 1975 барои 75 кат сохта шуда, то имрӯз фаъолият мекард. Бо сабаби куҳнаю фарсуда ва таъмирталаб гардидани биноҳои табобатӣ беморхона ба таъмири асосӣ ва навсозӣ ниёз дошт.
Инчунин, навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ, сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ва таҷҳизонидани беморхона бо мебелу таҷҳизоти замонавии лабораторӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»