Ба муносибати 10 — солагии ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ибтикори хуберо роҳандозӣ карда, тавассути «Микрофони озод» андешаи мардумро дар мавриди зарурату манфиатҳои санади мазкур манзури бинандагон намуда истодааст. Хабарнигори рӯзнома низ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Хуҷанд, Исфараю Конибодом, Бобоҷон Ғафурову Деваштич ва Зафаробод дар робита ба ин масъала бо чанде аз шахсони касбу кори гуногун суҳбат орост.
Маълум гардид, ки аксари мардум зарурати қабули қонунро дуруст дарк кардаанд. Бисёре аз онҳо баён доштанд, ки ин санади муҳим дар 10 соли сипаригардида ба рӯзгорашон файзу баракат бахшид. Одамон ба ҷои маъракаҳои серхарҷ манзил обод карданд, таваҷҷуҳашон ба ободӣ ва беҳдошти шароити зисту хониши фарзандон бештар гардид.
- Татбиқи қонун, хусусан барои мардуми деҳот манфиати зиёд овард. Масалан, дар деҳаи Басмандаи деҳоти «Ваҳдат», ки зиёда аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад, оши тӯю дигар маъракаҳо бе гӯшт пухта мешавад. Дар дигар деҳот ҳам тӯйи арӯсию домодӣ, хатнасуру маросимҳои дафн камхарҷ гардиданд. Пештар аз сафедгирону ноншиканон то тӯйбарону оши никоҳу домодталбон 10 — 12 маъракаи серхарҷ доир мешуд. Ҳоло 4 маърака боқӣ мондааст ва тибқи қонун гузаронида мешаванд, — гуфт сокини ноҳияи Деваштич, собиқадори меҳнат Одил Соҳибназаров.
- Дар деҳоти «Равшан» зиёда аз 12 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар тӯю маъракаҳо танзим риоя мешавад. Танзим ба ҷони одамон малҳам шуд гӯем, хато намекунем, — мегӯяд сокини деҳоти мазкур Додо Саидалиев.
Ба қавли ӯ, мардуми деҳа пасандозҳои худро барои ободии хона ва таъмини фарзандон бо либосу ашёи мактабӣ сарф мекунанд, молу чорво мехаранд.
Аммо омӯзиши масъала моро ба хулоса овард, ки дар иҷрои қонун ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстону Гулистон ва Истаравшан аз ҷониби баъзе ашхос шаклҳои нави вайронкунии қонун, ба монанди ҷиҳозонидани хонаи домод аз ҳисоби волидони арӯс, афзоиши теъдоди сару либос, кӯрпаю болишт, додани туҳфа ба монанди тилловорию ашёи қиматбаҳо, иштироки теъдоди зиёди меҳмонон дар маросими тӯй, аз соати муқарраргардида зиёд идома ёфтани он маъмул аст.
Афсӯс, ки баъзе сарватмандон ба худнамоишдиҳӣ машғуланд. Ба назари бисёриҳо, дар ин корҳо сабабгори асосӣ занҳо мебошанд. Ҷиҳозонидани хонаи домод, харидории мебели хориҷӣ, туҳфа кардани тилловорию ашёи қиматбаҳо, ҳатто дар замони шӯравӣ расм набуд. Албатта, ин нишонаи серу пулдор шудани мардум аст, вале ҳама чиз бояд меъёри худро дошта бошад.
Аммо аз чӣ бошад, ки қадри духтару оилаҳои духтардор паст шуда истодааст. Камбағал аз бонк пул қарз гирифта, духтар ба шавҳар медиҳад ва ҳама талаботи писардорро бо мақсади обрӯ гирифтану ҳимояи шарафи духтараш гӯё иҷро мекунад ва баъд қарзи бонкро пӯшонида натавониста, аз бисёр чиз маҳрум мегардад.
- Фарзанд меваи ширини боғи инсон аст. Барои падару модар ҳам писар, ҳам духтар азиз буда, онҳоро бо меҳру муҳаббат ва ҳазору як орзую умед тарбия карда, ба воя мерасонанд. Хусусан, модарон барои тарбияи духтарон заҳмати зиёд мекашанд. Баъди ба балоғат расидани духтар, ташвиши падару модар даҳчанд мешавад. Шахсони пулдор чунин ташвиш надоранд, лекин барои онҳое, ки танҳо бо маош ё даромади ночиз зиндагӣ мекунанд, хонадор кардани фарзанд, бахусус ба шавҳар додани духтар, ташвиши калон аст. Шумораи ҷиҳози арӯс аз 15-20 адад имрӯз ба 80 – 100 дакка задааст. Дар маросими фотеҳа барои домод 40 — 50 табақи калон фиристода, ба ҷуз хӯрокворӣ, сарулибос, шоколадҳои гуногуну қаҳваю какао, тилловорӣ (аз қабили ангуштарину соат) медиҳанд. Кор то ҷое расидааст, ки имрӯз домодталбонро ҳам дар тарабхона доир намуда, ба домод ва аҳли оилаи ӯ сарулибос ва пулдорон ҳатто мошину хона туҳфа карда истодаанд, — иброз дошт яке аз фаъолзанони шаҳри Истаравшан Матлуба Мухторова.
- Ин камбудиҳо натиҷаи камфаъолиятии комиссияҳои доимии шаҳру ноҳияҳо ва Шӯрои занони маҳаллаҳо аст. Кас аз рафтори баъзе аз оилаҳои писардор ҳайрон мешавад. Ору номуси баъзе мардони писардор куҷо шуд? Чаро соҳиби духтар бояд дар назди писардор сархаму забонкӯтоҳ бошад? Оё духтар доштан боиси шарм аст? Ман аз бисёр занҳо ба ин суол посух меҷӯям. Мегӯянд, ки ин корҳоро барои рӯйсурхию сарбаландии духтаронашон мекунанд. Агар накунанд, гӯё духтарашон тамоми умр бори таънаю маломати хушдоману домодро хоҳад кашид. Метавон гуфт, ки хонавайроншавии оилаҳои ҷавон, хушунат ва худкушӣ аз поймол кардани ҳуқуқи занону духтарон маншаъ мегирад, — афзуд бо таассуф М. Мухторова.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»