Ё чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?
Соле қабл дар ҷумҳурӣ нархи сӯзишворӣ, хусусан гази моеъ, якбора боло рафта, арзиши 1 литри он аз 3 сомону 50 дирам ба 5 сомонӣ расид. Коршиносон яке аз сабабҳои онро дар ноустувории қурби асъори миллӣ дар муқоиса ба доллари ИМА арзёбӣ намуда буданд. Баробари боло рафтани нархи сӯзишворӣ роҳкиро дар шаҳру минтақаи Кӯлоб қариб ду баробар афзуд. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и кишвар нархи сӯзишворӣ ба меъёр даромада бошад ҳам, роҳкиро дар шаҳри Кӯлоб ҳамоно чун пештара боқӣ мондааст. Масъулон бошанд, ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, парво надоранд.
Аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории шаҳри Кӯлоб дидан кардем. 12 августи соли 2019 дар онҳо арзиши 1 литр гази моеъ 3 сомону 10 — 3 сомону 20 дирам, бензин 7 сомону 20 ва солярка 8 сомонӣ муайян шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб Музаффар Султонов дар посух ба саволи «чаро дар Кӯлоб нархи роҳкиро танзим намешавад?» гуфт:
- Батанзимдарории ронандагони мусофиркаш дар шаҳри Кӯлоб мушкил аст. Вагарна, ҳар рӯз саъй мекунем, ки роҳкироро ба танзим дарорем. Ин мушкил на танҳо дар шаҳри Кӯлоб, балки дар дигар манотиқи кишвар низ ба назар мерасад. Ҳангоми санҷишу рейдҳо ронандагонеро, ки бидуни иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғуланд, ҷарима мекунем. Мутаассифона, ронандагоне, ки дар ягон ҷамъият номнавис нашудаанд, зиёданд.
Номбурда зикр кард, ки Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб дар шаш моҳи соли 2019 якҷо бо прокуратура ва БДА 187 рейду санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа, 1923 воситаи нақлиёти автомобилӣ аз санҷиш гузашта, ба 1858 ронанда огоҳӣ дода шуд.
- Дар ин давра нисбат ба 1644 ронандаи воситаи нақлиёти бе иҷозатнома амалкунанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки маблағи ҷарима 296 ҳазору 125 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ 182 ҳазору 940 сомонӣ ворид гардид, — афзуд Музафар Султонов.
Феълан дар шаҳру минтақаи Кӯлоб 1348 ронандаи воситаи нақлиёт бо иҷозатнома (литсензия) фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 794 адад мошинҳои гаронвазн буда, ба боркашонӣ машғуланд.
Аммо тибқи маълумоти Нозироти андози шаҳри Кӯлоб, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 60 воситаи нақлиёти мусофиркаш ҳамчун андозсупоранда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо патент таъмин гардидаанду халос.
Кунун дар минтақаи Кӯлоб 13 ҷамъият фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1460 воситаи нақлиёт бо шартнома амал мекунанд. Айни замон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ва ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб нархи роҳкиро меъёр надорад. Масалан, дар чорроҳаи «Равшан» (канори «Хонаи бахт», ки роҳи он ҳоли табоҳ дорад) ронандагон ба деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кӯлоб (Сангпар, Ҳакимобод, Бахтобод, Чашмасор) мусофир мекашонанд. Дар қисмати дигари роҳ, назди собиқ филиали бонки «Эсхата» ронандагон ба деҳаҳои Пушёни Боло, Пушёни Поён, Осмонбика, Fелот ва дигар деҳаҳои ноҳияи Восеъ ба мусофиркашонӣ машғуланд. Дар ин хатсайрҳо ронандагони мусофиркаш чӣ гунае, ки хоҳанд, нархгузорӣ мекунанд.
Шояд баъди нашри ин матлаб масъулон баҳри рафъи мушкили мавҷуда иқдом намоянд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»