Субҳи 17 августи соли равон дар 929 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, чун дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар, соли нави хониш оғоз гардид.
Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят, дар соли нави хониш зиёда аз 60 ҳазор тифл бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ин дар ҳолест, ки соли равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 34 ҳазору 190 хонанда хатм карданд.
Дар арафаи соли нави хониш дар бархе аз муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, соли равон 100 синфхонаи иловагии таълимӣ барои 7000 хонанда бунёд гардид. Ба қавли масъули сохтмони Раёсати маорифи вилояти Суғд Сӯҳробҷон Ҷӯраев, дар вилоят 46 бинои садамавӣ ва 228 муассисаи таълимии таъмирталаб вуҷуд доранд, ки то 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд пурра азнавсозӣ шаванд.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»