Бетафовутии масъулин ва синфхонасозии омӯзгорону волидайн

№28 (4448) 03.03.2022

коллажСинфхонаҳои тангу нарасидани ҷои нишаст, надоштани мизу курсӣ, толори варзишӣ ва синфхонаи компютерӣ аз мушкилотест, ки солҳо боз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳоти «Зафаробод»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро нигарон кардааст.

Муассиса аз маркази ноҳия дар масофаи се километр ҷойгир аст. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро то ҳол касе аз масъулон аз вазъи он хабар нагирифтаанд? Ё муассиса нодаркор шудааст?

Директори он Ҷамшед Назаров изҳор дошт, ки бинои таълимгоҳ то солҳои 80 — уми асри гузашта хонаи истиқоматӣ буд. Баъд аз гузашти солҳо, ки шумораи аҳолии деҳот зиёд шуд, онро ба муассисаи таълимӣ табдил доданд. Ҳоло дар он 26 омӯзгор ба таълиму тарбияи 380 хонанда дар ду баст машғул мебошанд. Мактаб аз 8 синфхона иборат буда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

- Бо дастгирии волидайни хонандагон ва омӯзгорон дар паҳлуи бинои мактаб барои бунёди ду синфхонаи таълимӣ иқдом намудем, ки то ҳол сохтмонашон ба охир нарасидааст. Интизорем, ки шояд сарпараст пайдо шаваду барои харидории дару тирезаҳои синфхонаҳо кумак расонад, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Доир ба мушкилоти ҷойдошта хостем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғоибзода Насимҷон суҳбат намоем. Мутаассифона, ӯро дар ҷои кор пайдо накардем.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Хушқадам Одинаев изҳор дошт, ки аз вазъи кунунии муассиса ҳама огоҳанд. Барои сохтани бинои нав маблағи калон лозим аст, ки шуъбаи маориф ин қудратро надорад. Умед бар он мебандем, ки масъулин барои ҳалли мушкили зикршуда кумак мекунанд.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»