Биҳишт дар қалби кӯҳистон

№13 (4433) 26.01.2022

Сари ХосорСабаби ин дафъа ба даст қалам гирифтан падарам шодравон Раҷаб Маҳмадиев — зодаи деҳаи Тойдараи ноҳияи Балҷувон шуд. Аз зебоии ин диёри биҳиштосо нақлҳои аҷиб мекарду ба ҳаяҷон меомад, сабру таҳаммулро аз даст медод ва рӯяшро ба дигар тараф мегардонд, то мо фарзандон ашки чашмонашро набинем…

Баъд аз ҳазор соли суқути давлати Сомониён мардуми сарбаланди тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвараш чун давлати мустақили соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби мақому манзалат гардиданд.

Мардуми сарбаланди Балҷувон низ аз ҳадафҳои муайяннамудаи Сарвари давлат, ки амалӣ гаштани онҳо кафили сулҳу субот, ободию шукуфоии диёр мебошанд, рӯҳбаланд гардида, баҳри шукуфоии ҳар як гӯшаи ноҳия меҳнати садоқатмандона менамоянд.

Балҷувон яке аз мавзеъҳои дилангези сарзамини Хатлон ва фароғатгоҳи тобистонаи ҳокимон дар асрҳои гузашта буд. Мардуми барӯманди он баҳри муттаҳидии миллат, ҳифзи Ватан, якпорчагии сарзамин ҷонбозиҳо намудаанд.

Дар Бухорои Шарқӣ соли 1875 бекигарии Балҷувон таъсис ёфта, амлокдориҳои Балҷувон, Ховалинг, Пушинг, Кангурт, Сари Пул, Сари Хосор, Тутқавул, Шайдон, Даштак, Қади Ов, Сурхоб ва Танобчиро дар тобеият дошт. Ҳар амлокдорӣ аз 40-50 деҳаи хурду калон иборат буд.

Ҳудуди бекигарии Балҷувон ва Кӯлоб то Инқилоби Бухоро 12130 км мураббаъро ташкил медод, ки 15,6 фоизи масоҳати Бухорои Шарқиро дар бар мегирифт.

Мувофиқи таҳқиқоти олими рус Ю. Н. Пославский, то моҳи феврали соли 1917 бекигариҳои Кӯлоб ва Балҷувон 295 ҳазору 300 аҳолӣ доштаанд.

Бостоншиноси тоҷик, академик Юсуфшоҳ Ёқубов дар асоси бозёфти асри сангин, ки аз бошишгоҳи Кӯлдараи ноҳияи Балҷувон ба даст омадаанд, исбот намудааст, ки одамон дар ин сарзамин қариб як миллион сол пеш зиндагӣ доштанд. Ҳоло бошишгоҳи Кӯлдара — мавзеи қадимтарини аҳди санг на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад.

Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кӯлобу Балҷувон 19 бек ҳукмронӣ кардааст. Мири Балҷувон Мизробхон (солҳои 1841-1853) қалъаи нави Балҷувонро дар соҳили рости дарёи Оби Шаҳид бино намуд, ки ҳоло яке аз маконҳои сайёҳии ин мавзеъ маҳсуб меёбад.

Мизробхон шахси бомаърифат, сиёсатмадор, шоир, олими соҳаи кимиё ва тӯпсозӣ дар Ҳиндус­тон таҳсил намуда буд. Дар замони Мизробхон, ки карбос эквиваленти пулро иҷро мекард, савдогарон аз Ҳиндустон пайсаҳои мисӣ оварда, ба муомилот ворид карданд, ки ба пешрафти иқтисодиёти замон мусоидат намуд. Соли 1853 номбурда дар Норак ногаҳон вафот мекунаду Сарабек мири Балҷувону Кӯлоб таъин мегардад.

Ҳангоми гармиҳо Сарабек ба Балҷувон мерафт. Ҳавои форам, манзараҳои зебо, чашмаҳои мусаффо, ва рустаниҳои табобатӣ, дарахтони сермеваи Балҷувон ба ӯ ҳаловат мебахшиду шоҳи Дарвоз, мири Ҳисору Деҳнав ва Қаротегинро ба ин мулки зебо барои истироҳат даъват менамуд.

Ба бекигарии Балҷувон ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, деҳаҳои Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешуданд.

Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило, соли 1886-ум 15 амлоки бекигарии Балҷувон 60 ҳазор аҳолӣ дошт.

Бозори калони Балҷувон ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе баргузор мешуд. Балҷувон дар ибтидои асри ХIХ чун вилояти мус­тақил танга сикка мезаду бо Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия алоқаҳои тиҷоратӣ дошт. Баъд аз барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар собиқ бекигарии Балҷувон ноҳияҳои алоҳида бо марказҳои маъмуриашон таъсис ёфтанд. 23 ноябри соли 1930 ноҳияҳои Балҷувон, Кангурт, Қизил — Мазор, Ховалинг, 8 июли соли 1932 ноҳияи Данғара ва 8 августи соли 1936 ноҳияи Сари Хосор арзи ҳастӣ намуданд.

Мардони бонангу номуси Балҷувон бо азму иродаи қавӣ, баробари миллатҳои дигари Ватан, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозӣ карданд. Аз ин ноҳия се нафар — Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд. Ба ибораи дигар, ин мулк зодгоҳи мардони ҷасуру далеру ватандӯст мебошад.

Дар ноҳия манбаъҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷуд аст. 200 чашма, рӯдҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Рӯи об, дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, шаршараҳои Пушти Боғ, Камолӣ, Сафедов, чашмаҳои шифобахши Оби гӯгирди Султон Увайсӣ, Қалъанақ, Булғурӣ, Оби Гӯр, Оби шулук, Касҳо, Ҳибил, Дарахти азимҷуссаи Шинг (деҳаи Шингидара),Ҷувоз Чинор (деҳаи Даштарҳо) аз ҳамон ҷумлаанд.

Балҷувон дорои сарватҳои зеризаминии зиёд, аз ҷумла, ангиштсанг, нефт, газ, руҳ, сурб ва ғайра мебошад. Дар талу теппаҳои Балҷувон рустаниҳои табобатӣ (145 навъ), асаловар ( 47 навъ), ғизоӣ (107 навъ) мерӯянд. Бӯимодарон, момирон, ҷағ — ҷағ, нозбӯ, бобуна, қоқу, хуч, исфанох, сиёҳдона, шибит, ангат, зирк, чойкаҳак, себарга, зуф, малиссо, ревич, чукрӣ, наъно, зағирак, кокутӣ, бодиён, шулха, қоти сиёҳ ва ғайра аз ҳамон қабиланд.

Олами ҳайвоноти ин минтақа низ ғанӣ буда, дар кӯҳу водиҳо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, гурроз, ҷайра, рӯбоҳ, паланг, гавазн, заргӯш, морҳои обӣ ва калтакалос иқомат доранд.

Номи занони сарбаланди ин диёри зебоманзар Зоирзода Маърифат Оймаҳмад, Сафаргул Ғуломова, Азиза Ашӯрова, Назокат Шарифова, Маърифат Мирзошоева, Ҷиғагул Азизова, Бибинисо Юнусова, Зулқаъда Баҳодурова, Гулчеҳраи Алиқул, Балхиё Ҳақназароваро қайд кардан ҷоиз аст, ки бо меҳнати софдилона дар пешрафти ноҳия саҳм доранд.

Ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили нақшбандӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ, чолбандбофӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ ва қӯроқдӯзӣ, шуғли доимии онҳост.

Дар пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, фатирмас­ка, қурутоб, таҳмол, оталаи туппа, бурида, шакароб, тезакоб, оши палаву кабоб, чапотӣ, фатири курак, ҷазза занони балҷувонӣ машҳуранд.

Балҷувон аз ёдгориҳои таърихӣ ғанӣ аст. Қалъаи Мир (асри XVI-XIX), Қалъаи Чорбоғ (асрҳои миёна), Қалъаи тӯпхона (асрҳои I — VI то милод), Қалъаи Турк (асрҳои XII — XIII), Қалъаи Дектур (асрҳои XVIII — XIX), қалъаҳои Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ ва бошишгоҳҳои давраи асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон аз ҳамон ҷумлаанд. Таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ хоса буда, дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон «Маркази рушди сайру саёҳати Балхиён» таъсис ёфтааст.

Зеботарин мавзеъ Шаршараи Сари Хосор мебошад, ки «Ниагараи сонӣ» низ мегӯянд. Субҳгоҳон оби шаршара сап-сафед, нисфирӯзӣ осмониранг ва бегоҳ кабуд ба назар мерасад. Аммо хунукӣ ва маззаи об дар ҳама ҳолат як аст. Аз қаъри сангҳо ҷорӣ шудани шаршара гувоҳи он аст, ки табиат ба мардуми меҳнатқарини ин диёр муъҷиза ҳадя кардааст.

Аспҳои хушзоти Балҷувон чобуку даванд ва зебову қавипайкар эътироф шудаанд. Муаллифони аҳди қадим аспҳои ин сарзаминро ба зоти «аспҳои осмонӣ» ё «аспҳои обӣ» мансуб донистанд. Ҳоло дар ноҳия зиёда аз 3210 аспи хушзот парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи ободонӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Чунин гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Балҷувон низ таъсис ёфта, Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон роҳбарии онро ба зимма дошт. Дар маҷмӯъ, 375 иншоот, аз ҷумла, 8 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таълимӣ, 22 муассисаи тиббӣ, 13 меҳмонхона, 35 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 3 пули мошингузар, 4 пули одамгузар аз 20 майдонча ва толори варзишӣ, 7 иншооти фарҳангию фароғатӣ, 9 бинои маъмурӣ, таъмиру барқарорсозии роҳ бо дарозии 326 км, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар 15 деҳа ва 75 иншооти маишию хизматрасонӣ, эъмор шуд.

Падарам солҳои муҳоҷиркунӣ ба ноҳияи Фархор кӯч мебанданд. Аз маълумоти бойгонӣ бармеояд, ки аз моҳи апрели соли 1946 то моҳи октябри соли 1954 — ум 260 деҳаи Балҷувон харобу валангор шуд, 56 мактаби ибтидоӣ ва 7 — сола, ки дар онҳо зиёда аз 2990 нафар таҳсил мекардаанд, баста шуданд. 15 ноябри соли 1954 ноҳия барҳам дода шуд.

Падарам он солҳоро бо алам ба ёд оварда, дар бораи зебоии ин диёри афсонавӣ нақлҳои аҷиб мекарданд. Оид ба номи деҳа гуфта буданд, ки дар он галаи асп мавҷуд буд. Пагоҳӣ аҳли деҳа ба тамошои ҷастухези тойчаҳо мебаромаданду ҳаловат мебурданд ва деҳаро ба ин хотир Тойдара ном монда буданд.

Падар розҳои зиёди ногуфта дар дил доштанд. Маҷруҳ буданду роҳгардӣ барояшон мушкил буд. Боре хоҳиш карданд, то як бор ба зодгоҳашон равам.

Хоҳиши ӯро ба ҷо овардам. Гарчанде роҳ хеле пурпечутоб буд, ба баландии деҳа баромадам. Ба назарам омад, ки ба офтоб наздик шудам. Фикр мекунӣ, ки ҳозир абрҳоро бо даст ламс мекунӣ…

Аз байн солҳо гузашт. Дер боз дар ноҳияи Балҷувон набудам. Баъд аз тамошои сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Балҷувон аз тариқи телевизион (моҳи авусти соли 2019) қарор додам, ободиҳоро бинам.

Вақте ки навгониҳои ноҳия: роҳи замонавии автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг, дарвозаи боҳашамати ноҳия, қалъаи таҷдидшудаи мири Балҷувон, маркази савдо ва хизматрасонӣ, гулгашт, коргоҳи дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакона барои 100 нафар, толори варзишӣ, тарабхонаи «Насими Балҷувон», Корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант» ва дигар иншоотро дидам, шуълаи ифтихор аз Ватану ватандорӣ дар замири дилам аланга зад. Ва қарор додам, орзуи падарро амалӣ намоям. Қалам ба даст гирифтам, ки дар бораи ин гӯшаи зебои диёр таассуротро рӯи коғаз оварам, то хонанда дар бораи ин макони биҳиштосо ва мардуми сарбаланди он маълумоти бештар дошта бошанд.

Гулчеҳра МАҲМАДИЗОДА,

 нависанда