Ба муносибати 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимии №16 мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре директори муассисаи мазкур Зиёвуддин Шукуров зикр кард, бинои иловагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат аст ва дар як баст 150 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Дар расми ифтитоҳи бинои таълимӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солеҳзода ва дигарон иштирок намуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз соли 1965 то инҷониб фаъолият менамояд. Норасоии ҷойи нишаст ва набуди мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 300 нафар дар ду баст мушкили асосии муассиса бартараф гардид.
Соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода ҳамчунин мақсад дорад, ки солҳои оянда дар назди муассиса майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити замонавӣ бунёд намояд. Алҳол дар муассисаи таълимӣ 600 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 47 нафар омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар баробари ин дар деҳаи Каримбердии Ҷамоати Худоёр Раҷабов мактаби таълимии №32 бо 240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов, муассисаи таълимии №23 дар деҳаи Осмонбика Ҷамоати Худоёр Раҷабов барои 240 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аъзам Қодирзода, Муассисаи таълимии №70 бо 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Мирзоалиев сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»