Биноҳои нодири парламентҳо

№63 (4803) 20.05.2024

РумынияҚасри парламенти Руминия, ки онро қасри Чаушеску низ меноманд, калонтарин бинои парламент дар Аврупо ва вазнинтарин бино дар ҷаҳон мебошад.

Барои бунёди ин иншоот 3 миллиард доллар сарф шудааст. Дар сохтмони он, ки соли 1984 бо пешниҳоди роҳбари онвақтаи Руминия Николае Чаушеску  оғоз ёфт, 700 лоиҳакашу меъмор ва 20 ҳазор коргар ширкат дошт.

Имрӯз дар ин бино ҳар ду палатаи парламент, Суди конститутсионӣ ва Осорхонаи санъат фаъолият мекунад.

Яндекс.ру

Парламенти Британия Кабир дар қасри таърихии Вестминстерск ҷойгир аст. Он дар қарни ХIХ, дар соҳили дарёи Темза, аз рӯи лоиҳаи Чарлз Баррӣ ва Огастес Уэлбӣ Пюҷин бунёд ёфтааст.

ВеликобританияСоли 1834 дар натиҷаи сӯхтор ва соли 1941 бар асари бомбаборон бино сахт осеб дид. Баъдан, онро аз нав барқарор карданд.

Дар толори ҷаласаҳои палатаи поёнии парламент 650 вакил ҷой мегиранд. Палатаи Лордҳо палатаи болоии парламент мебошад.

Яндекс.ру

Парламенти Шри-Ланка дар як мавзеи зебои табиат — дар соҳили кӯли сунъӣ қомат афрохтааст. Дар ин мавзеъ қалъа ва маркази маъмурии кишвари ба ном Шри-Ҷаяварденепура — Коте воқеъ буд.

ШриланкаНамои он бо сақфи зебои рангааш аз дур ба бинои афсонавӣ монанд аст. Дар паҳлуи бинои мазкур аз рӯи тарҳи меъмор — лоиҳакаши маҳаллӣ Ҷефрӣ Бава шаҳрчаи ҷолиб бунёд ёфтааст. Вақте аз пайроҳаҳои ин қаср ба сӯи дохили бино меравед, таваҷҷуҳи шуморо дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони оҳанини бо гулҳои сафеди хушбӯй пӯшонидашуда,  ҷалб мекунанд.

Яндекс. ру

Қасри боҳашамати Конгресси миллии Аргентина дар шаҳри Буэнос-Айрес ҷойгир аст. Соли 1895 барои сохтмони қаср озмун эълон шуд, ки дар он 28 меъмор аз тамоми ҷаҳон иштирок карданд.

АргентинаДар озмун меъмори итолиёвӣ Витторио Меано пирӯз шуд. Вай пешниҳод кард, ки биноро дар сабки неокласситсизм бунёд кунанд. Соли 1906 қаср кушода шуд, аммо корҳо дар он ба анҷом нарасида, 40 соли дигар идома ёфтанд.

Хусусияти бино манораи 80-метра мебошад, ки вазнаш 30 ҳазор тонна аст. Ғайр аз ин, қасрро сутунҳо, ҳайкалҳо ва дигар ашёю ҷиҳоз оро медиҳанд.

МИР

Таҳияи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»