Роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» дар ҷавоб ба мақолаи «Бинои «Ҳалевард» таъмирталаб аст, аммо…» чунин иттилоъ медиҳад, ки таъмири ҷории бинои ҷамоат гузаронида, деворҳои бино ва дарахтони атрофи он рангубор ва шиору овезаҳо иваз карда шуданд.
Дар хусуси дар вақти корӣ дар бинои ҷамоат ҳузур надоштани кормандон қайд кардан бамаврид аст, ки дар Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» ҳамагӣ 13 воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ мавҷуд аст, ки айни замон ду ҷойи он холӣ мебошад.
Рӯзи омадани рӯзноманигор раиси ҷамоати деҳот А. Қирғизов дар рухсатии меҳнатӣ буд. Муовини раиси ҷамоат оид ба соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳот, котиб ва сармутахассиси заминсози ҷамоати деҳот дар ҷойи кор ҳозир буданд. Муовини раиси ҷамоати деҳот оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сабаби мусибат дар оила аз роҳбарият ҷавоб пурсида буд. Мутахассиси андозғундори ҷамоати деҳот дар якҷоягӣ бо ёрдамчии худ барои вохӯрӣ бо аҳолӣ ба деҳаи А. Ҷомӣ рафта, мутахассис оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоат, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар масҷиди ҷомеъ навбатдор будааст, чунки рӯзи дигар дар ин ҷо бояд намози Иди Қурбон хонда мешуд. Масъули бахши омор бошад, барои гирифтани маълумот ба идораи омори ноҳия рафтааст.
Дар ҳақиқат, бинои ҷамоати деҳот соли 1938 ва қисми дигари он солҳои 1960 сохта шудаву куҳна мебошад. Вале тибқи нақшаи генералии ноҳия, дар наздиктарин муҳлат Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» ба бинои Ҷамоати шаҳраки «Балх»- и маркази ноҳия мекӯчад ва дар ҷойи бинои куҳна биноҳои нави замонавӣ сохта мешаванд. Бинобар ин, ба таъмири асосии бинои Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» ҳоҷат нест.
А. ҚИРҒИЗОВ, раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»