Бинои нави раёсати молия

№ 19.12.2024

Бино ИсломБа истиқболи Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бинои нави Раёсати молия бунёд гардид.

Тавре сардори Раёсати молияи ноҳия Қадамшо Расулзода иттилоъ дод, бино аз се ошёна иборат буда, дорои 11 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо мизу курсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.

Сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2024 оғоз гашта, дар он беш аз 15 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Айни замон 95 фоизи корҳои сохтмонӣ дар иншоот иҷро гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»