Бинои нави таълимӣ

№ 01.11.2023

Дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншоот аз бинои таълимии дуошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки МТМУ №25-и ноҳия пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, 13 адад компютер ва 2 адад принтер муҷаҳҳаз гардида, дар асоси лоиҳа бинои анбор ва дегхона барои   бо гармӣ таъмин кардани муассиса низ сохта ба истифода дода шудааст.

 Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия ва корҳои сохтмониро бошад ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро кард.

Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки «мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин гуна бинои наву замонавӣ далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст…».

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»