Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ босуръат идома дорад.
Таваллудхонаи замонавӣ, ки бо тамоми таҷҳизот таъмин мегардад, аз ҷумлаи иншооти ҷашнист. Айни ҳол сохтмони бинои он, ки иборат аз ду ошёна бо 100 рахти хоб, 21 ҳуҷраи табобатӣ, 16 ҳуҷраи корӣ хоҳад буд, вусъати тоза касб намудааст. Бинои таваллудхона аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи рушди ислоҳоти соҳа дар шаҳраки Дарбанд марҳила ба марҳила бунёд мешавад. Айни замон коргарон корҳои сохтмониро аз рӯи нақшаи фармоишгар дар ошёнаи якуму дуюми бино иҷро карда истодаанд. То ба ҳол корҳои сохтмонии бино пурра ба анҷом расидааст. Ҳоло 15 нафар корманд ба насби хатҳои барқу об, шабакаи гармидиҳӣ, рангубори дохили бино ва ҳуҷраҳои табобатӣ машғуланд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»