Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бисту чор иншооти ҷашнӣ

№114 (3415) 26.08.2015

- Дар доираи тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон ва бинокорони ташкилотҳои сохтмонии шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки 24 иншооти хурду калони иҷтимоиву хизматрасонӣ ва табобатиро бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд, — гуфт зимни суҳбат муовини раиси шаҳри Истаравшан Ӯктам Ҷӯраев.

Яке аз чунин иншоотҳо бинои панҷошёнаи Маркази ташхисию табобатӣ  мебошад, ки дар маркази шаҳр бо хароҷоти як миллиону 250 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкор Мӯъмин Қосимов сохта шуда истодааст.

Ин бинои зебову замонавӣ аз 40 ҳуҷраи табобатӣ, ҳуҷраҳои ҷарроҳиву эҳёгардонӣ, дафтарҳои корӣ, дорухона, бахши қабул ва истироҳати беморон иборат мебошад.

Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби кормандони ҶДММ «Бунёдкор» ба роҳ монда шуда, сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар деҳаи Ободии деҳоти «Гули Сурх» бинои нави маркази саломатӣ барои сокинони деҳаҳои Дӯстӣ, Ободӣ, Шонатарошон ва Бафоӣ қомат афрохта истодааст. Иншооти мазкур бо маблағгузории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ин деҳот бунёд мегардад.

Ҳамзамон дар шаҳр сохтмони бинои маъмурии шуъбаи Хадамоти муҳофизаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан ба маблағи як миллиону 350 ҳазор сомонӣ, маркази савдо ва меҳмонхона дар деҳоти «Зарҳалол» ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ, корхонаи хишт ба маблағи 524 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъ дар деҳаи Ҷарқӯрғон ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ ва ғайра идома дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз 24 иншооти ба истиқболи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан ба истифода додашаванда, сохтмони 15 иншоот бо сифати хубу ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯзаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ анҷом ёфтааст. Иншооти боқимонда то ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»