Яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоии ҷомеа, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаи таҳсилот ва афзалият додан ба ин бахш мебошад.
Агар бунёди миллат аз маориф оғоз ёбад, бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, ки маориф аз аввалин муассисаҳои томактабӣ ибтидо мегирад. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ омӯзиши вазъи муассисаҳои томактабӣ нишон дод, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф аз фаъолият бозмондани муассисаҳои мазкур дар аксари шаҳру ноҳияҳо, хоса, ноҳияҳои кӯҳистон, буд. Сабаби инро коршиносон дар кам будани маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ медиданд. Муассисаҳои мазкур дигар иқтидори фаъолият кардан надоштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи маориф бетаъсир намонд. Ин вазъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетараф нагузошт. Сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаи таҳсилот зери назорати қатъӣ гирифта шуд, чунки решаи тарбия аз боғча ғизо гирифта, дар мактаб обутоб меёбад.
Бо мақсади беҳтар кардани сифати тарбияи кӯдакон ва аз нав ба роҳ мондани низоми таълим дар кӯдакистонҳо барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла соли 2005 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2006 — 2010» қабул гардид. Зарурати барнома дар он зоҳир мегардад, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта, ба шароити нави иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 иброз доштанд: «Бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат дар асоси супориши Паёми соли 2020 Президенти кишвар «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» — ро таҳия намуд». Пешвои миллат таъкид карданд: «Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд».
Ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат боис гардид, ки ба соҳаи тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. Он солҳо шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар ба 527 расида, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълиму тарбия фарогирифта 80 500 нафарро ташкил медод. Ҳар сол Ҳукумати ҷумҳурӣ мекӯшад, то дар ин самт корҳои намоёнро ба анҷом расонад. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ба гуфти Президенти кишвар: «Ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест» ва таъкид намудаанд, ки: «Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд».
Таълиму тарбия кори дастаҷамъӣ аст. Ба қавли саромади педагогҳои ҷаҳон Макаренко, «Тарбия кори муҳим аст». Аз ин хотир, падару модаронро лозим аст аз рӯзи таваллуд ба таълиму тарбияи кӯдак диққати ҷиддӣ диҳанд.
Кӯдакистонҳо наслеро бояд тарбия кунанд, ки содиқу худогоҳ бошанд, чунки эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз шуда, давраи шаклгирии мафкураи кӯдак мебошад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Педагогҳоро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, ки ҳар як мураббию омӯзгор рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.
Сафия САИДХОНОВА,
мураббияи ширхоргоҳ — кӯдакистони рақами 138 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе