Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба пешвози Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ босуръат идома ёфта истодаанд. Чунончӣ, сохтмони шаш бинои истиқоматии баландошёна то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба поён расида, мавриди истифода қарор бигиранд. Инчунин бинои дуошёнае, ки аз тавозуни Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, пурра таъмиру бозсозӣ шудааст, ки дар соли нави хониш дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунад.
Дар назди хонаҳои баландошёна ва қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳо ёздаҳ майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозиҳои кӯдакона сохта, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Соли ҷорӣ мутобиқи лоиҳаи ангоравии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар ҳудуди ноҳия 14 нуқтаи партовҷамъкунӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ба қавли мудири бахши манзилию коммуналӣ Алишер Муродов, ин ҳанӯз ибтидои кор аст. Дар асоси нақшаи таҳиягардида оянда миқдори чунин нуқтаҳо то ба сад адад хоҳад расид.
Айни замон бо ширкати ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва худи сокинон корҳои таъмиру рангуборкунии биноҳои истиқоматӣ ҷараёни тоза гирифтааст. Сохтмончиён мақсад доранд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин корҳоро ба анҷом расонанд.
Баҳри тозаю озода ва ҳамеша дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо пайваста заҳмат мекашанд. Тибқи маълумоти сардори раёсати мазкур А. Зиёев аз ҳисоби кормандон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
- Албатта, корҳои мо ҳамешагианд, вале дар арафаи ҷашну идҳо ташвиши кормандонамон боз дучанд мегардад, — иброз дошт А. Зиёев.
Тавре аз идомаи суҳбат бо А. Зиёев бармеояд аз аввали сол то имрӯз дар асоси талаботу меъёрҳои роҳсозӣ таъмир ва асфалтпӯш намудани роҳҳо идома ёфта истодааст.
Айни замон азнавсозии кӯчаҳои ба номи Нисор Муҳаммад ва Назаршоевро ҶДММ «Роҳи тоҷик», қисмати дигари кӯчаи Назаршоевро КВД «Роҳсоз», кӯчаи Зебуниссоро КВД «Роҳсоз-7», кӯчаи ба номи Беҳзодро ҶДММ «Кишвар-2012» ба уҳда доранд, ки аксари онҳо то рӯзи Истиқлолият ба анҷом расонида мешаванд.
Бригадаи махсуси кабудизоркунӣ пайваста ба нигоҳубин ва парвариши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо машғуланд. Маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳамасола дар асоси тавсияву пешниҳодоти олимони соҳавии Академияи илмҳои Тоҷикистон сурат мегирад.
Як нуқтаи муҳимро ҳам бояд тазаккур дод, ки нарасидани мошину механизмҳои замонавии коммуналӣ дар ин ноҳия ба пешрафт ва иҷрои саривақтии корҳо то андозае халал мерасонад. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки 24 адад техникаю мошинолоти заруриро харидорӣ ва ба ин восита мушкилоти мавҷударо бартараф намояд.
Чун корҳои ободонию созандагӣ аслан аз маҳал оғоз меёбанд, бо тавсияи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур Қурбон Зайнуллоев бо фаъолияти Кумитаи маҳаллаи «Зафар» шинос гаштем. Аз суҳбат бо раиси кумита Бибимастура Раҷабова маълум шуд, ки ба ҳайати кумитаи маҳаллаи онҳо ашхоси гуногункасбу гуногунпеша шомиланд.
Аксарияти корҳои ободонӣ дар маҳаллаи мазкур бо ҷалби худи аҳолӣ ва соҳибкорон ба субут расонида мешавад. Роҳҳои ду кӯчаи асосӣ — яке бо тӯли 270 метр ва дуюмӣ 250 метр бо роҳи ҳашар ва дастгирии бевоситаи соҳибкорон Мустафо Собиров ва Раҳматҷон Маҳмадов таъмиру асфалтпӯш шуданд.
Дар маҳаллаи «Зафар» ба масъалаҳои тозакорӣ, ниҳолшинонӣ, гулу гулкорӣ, танзими расму оинҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Натиҷаи чунин корҳои самарабахш буд, ки маҳалла соли 2013 дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ва соли 2014 дар озмуни «Оилаи намунавӣ» ғолиб дониста шуд.
Раиси кумитаи маҳалла ҳамчунин аз иқдомҳои ҷавонмардонаи соҳибкорони ҳудуди маҳалла бо қаноатмандӣ ҳикоя кард.
- Бо дастгирии мардони саховатпеша – раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Шариф ва раиси Ширкати «Ёқут» Абдуҳалим Қодиров тайи солҳои охир тӯйи хатнасури беш аз 30 кӯдак гузаронида шуд, — гуфт ӯ ва идома дод:
- Чаҳор нафар маъюбони гурӯҳҳои якуму дуюм, 15 нафар оилаҳои камбизоат, ҳашт нафар наврасони ятим пайваста аз кумаку дастгирии онҳо бархӯрдоранд.
Ҳамзамон дувоздаҳ нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ва 65-и ҳудуди маҳалла бо сарулибос ва ашёву анҷоми хониш аз ҷониби соҳибкорони маҳалла таъмин карда мешавад. Дар анҷоми корҳои дигар низ ин соҳибкорон ҳамеша дар паҳлуи мардум мебошанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Шоҳмансур мардум дар фазои сулҳу субот ба корҳои созандагию ободонӣ бо дили гарм ва иродаи қавӣ машғуланд.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»