Боғе, ки Пешвои миллат ниҳол шинониданд, сарсабз аст

№69-70 (4809 - 4810) 31.05.2024

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11-уми апрели соли 2024 ба минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар мавзеи «Палос»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани минтақа шинос шуда, ба заҳмати устодону шогирдони ин боргоҳи илму маърифат баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар боғ чанд бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида, нияти нек карданд, ки боғи донишгоҳ ҳамеша сарсабзу хуррам бошад.

Фабрика форматовБОГ (1)Инак, мо баъди як моҳи ташрифи Пешвои миллат дарёфтем, ки ҳама ҷо, хусусан он майдоне, ки Роҳбари давлат ниҳоли ангур шинонида буданд, сарсабзу хуррам аст. Боғ дар масоҳати 5,5 гектар, бо навъҳои «Президентӣ», «Шоҳона», «Аватар», ­«Ғалаба» ва «Тагобӣ» хуб нашъу­намо дорад.

- Рости гап, бархе шубҳа доштанд, ки заҳматамон барабас меравад, — гуфт зимни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмонзода Аюб Ислом,- зеро ин минтақа аз оби полезӣ сахт танқисӣ мекашид, лекин мо ин муамморо бо барқарор кардани чоҳи амудӣ ҳаллу фасл кардем ва заҳматамон зоеъ нарафт. Боғи зардолуамон дар масоҳати 1,4 гектар, ки дар он 1700 бех зардолуи навъҳои «Мирсанҷилӣ», «Нишонӣ» ва «Силвер-голд» шинонида будем, сарсабз шуд. Ман ин ҳамаро аз файзу баракати ташрифи Пешвои миллат медонам.

Фабрика форматовБОГ (2)- Чанд соли охир ин минтақа бинобар норасоии об басо ҳолати ҳузнангез дошт, — гуфт зимни суҳбат роҳбари минтақа Абдусалом Шукурбоев. — Роҳбарияти донишгоҳ ду сол муқаддам тасмим гирифт, ки ин мавзеи барои фаъолияти донишгоҳ муҳимро сабзу хуррам гардонад. Ин аст, ки пеш аз ҳама, чоҳи амудиро таъмиру тармим кардем, ки иқтидори обдиҳиаш ба 41 литр мукааб — метр/сония расид. Ба масофаи 2 км заҳбури поёноби канал тоза ва дар маҷмӯъ, беш аз 2500 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуданд.

Дар ин боғи таҷрибавӣ солҳои гуногун омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаҳои Москва, Воронеж, Архангелски Федератсияи Россия ниҳол шинонидаанд. Ин гӯшаи боғ он замон номи «Алей дружбы»-ро гирифта буд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»