Бо эҳсоси ватандӯстӣ ҷавонон обод мекунанд

№ 31.10.2022

Дар вилояти Суғд бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонидани бартарафсозии оқибатҳои низоъҳои марзӣ ҳашар эълон шудааст, ки дар он одамони касбу кори гуногун, хоса сокинони маҳаллаҳои аз зарар эминмондаи шаҳри Исфара фаъолона иштирок мекунанд.

Ба ҳашар ҷавонони ватандӯст, алалхусус, донишҷӯёни макотиби олии вилоят низ бо амри дилу виҷдон пайвас­танд. Яке аз онҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

- Рӯзи аввали эълон шудани ҳашар гурӯҳи ихтиёриён (волонтёрон) аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳамон ба мо муроҷиат карда хоҳиш намуданд, ки барои ба шаҳри Исфара расидан нақлиёт ташкил кунем ва мо дархости онҳоро қонеъ кардем, — гуфт зимни суҳбат ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Усмонзода Аюб Ислом.

Инак, рӯзҳои шанбеву якшанбе 100 — 120 нафар донишҷӯён дар корҳои барқароркунии деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара иштирок мекунанд.

Зимни суҳбат бо сарвари донишгоҳ ба мо маълум гардид, ки аз рӯзҳои аввали низоъ дар минтақаи сарҳадӣ бо мақсади дастгирии моддии сокинони маҳаллаҳои зарардидаи шаҳри Исфара аз ҳисоби ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров кумаки моддӣ – маҳсулоти хӯрокаи ниёзи аввал ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ фиристода шудааст.

Ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара омадем. Дар соли ҷорӣ маротибаи дуюм аз дасти ҳамсоя ин маҳалла ба вайрона табдил ёфтааст. Мудири шуъбаи сохтмони умумӣ ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода оид ба ҷараёни корҳои барқароркунӣ чунин маълумот дод:

- Дар маҷмӯъ, дар муноқишаи марзии моҳи сентябр 90 ҳавлӣ дар деҳаи Сомониён, Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара, ҳамчунин деҳоти «Хистеварз» ва «Овчиқалъача»-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба вайрона табдил ёфтаанд. Аз ин ҳисоб 50 ҳавлӣ қисман зарар дидааст. Як мактаб дар деҳаи Сомониён пурра валангор шудааст, ки он ҷо бинои нави мактаб хоҳем сохт. Корҳо дар ин самт аллакай оғоз шудаанд. Садҳо одамон дар ҳашари барқароркунӣ ширкат доранд, ки байнашон, албатта, сохтмончиёни касбӣ бисёранд.

Бисёр хуб аст, ки ҷавонон, хоса донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар корҳо ғайратмандӣ зоҳир мекунанд.

- Мо маротибаи сеюм аст, ки дар ҳашар иштирок мекунем, — гуфт дар суҳбат ба мо аъзои маҳфили сиёсии ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд – «Мо пайравони Пешвои миллатем», донишҷӯи курси чоруми факултети геоэкология ва сайёҳӣ Мусавиршоҳ Азимов. — Мо — аъзои маҳфил аҳд кардем, ки дар ҳашари халқии барқароркунии оқибатҳои низоъҳои сарҳадӣ фаъолона иштирок намоем.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»